Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Спитамен

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангӣ миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Ба ин муносибат санаи 22 марти соли 2019 дар ноҳияи Спитамен як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, аёдати шахсони барӯманду собиқадор ташкил гардида, якчанд ишоотҳои ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.

Аз ҷумла субҳи рӯзи 22 марти соли 2019 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия ба як қатор фаъолон барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳиссагузорӣ дар корҳои ободониву бунёдкории ноҳия ва ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд нафар собиқадорони соҳаҳои гуногун аёдат карда шуданд. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси ноҳия ва муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода ба собиқадорони меҳнат Ҷӯрабоев Меҳмоналӣ, Солеҳова Адолат, Қӯйдимуродова Марҳамат ва Ҳомидов Муҳаммадҷон кӯмакпулии яквақтина ва ба собиқадорони меҳнат Маматшехов Пӯлодшех, Негматова Ҳусния, Қаҳҳоров Абдураимхон ва Мақсудов Холмуродов туҳфаи наврӯзии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Баъд дар гузаргоҳи Платинаи ноҳия муовини аввали раиси ноҳия Зоҳидзода Даврони Абдуқодир меҳмононро бо сарварии муовини якуми ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон Мирзақулов Беҳзод Фахритдинович қабул намуд.

Дар арафаи фарорасии иди байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар ҳудуди ноҳия, иншоотҳои хизматрасонқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он муовини якуми раиси ноҳия ва меҳмонон иштирок намуданд. Аз чумла дар деҳаи Мурияки ҷамоати деҳоти Куруш аз тарафи соҳибкор Ҷумаев Негматулло Мағоза ва чойхона барои 6 ҷойи корӣ, дар маркази ҳамин ҷамоат тарабхона, маркази хизматрасонии Арванд, мағозаи сохтмонӣ, аз тарафи соҳибкор Мамарасулов Бозорбой ба истифода дода шуд, ки 15 нафар бо ҷойи кори таъмин мегардад. Дар ҷамоати шаҳраки Навкат майдончаи варзишии “Тоҷикистон” аз тарафи соҳибкор Озодҷон Абдураҳмонов , аз тарафи соҳибкор Каримов Азим қаъвахона ва мазоза ба кор оғоз кард, ки зиёда 10 нафар бо кор таъмин мегардад. Дар худи ҳамин ҷамоат аз тарафи соҳибкор Носир мағозаи қисмҳои эҳтиёти сохта шуд, ки 3 нафар бо ҷойи кори таъмин мегардад.

Чорабинии асосии таҷлили ҷашни Наврӯзӣ худи ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии “Чашма” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода, намояндаи Ҷумҳурии ӯзбекистон, муовини якуми ҳокими Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон Мирзақулов Беҳзод Фахритдинович бо ҳайати калони меҳмонон иштирок доштанд. Сараввал меҳмонон вориди варзишгоҳ гардида, аз хаймаҳои наврӯзӣ, ки аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо ташкил гардида буд, дидан намуданд ва ба ташкили чорабинии ноҳиявии наврӯзӣ баҳои баланд доданд. Сипас Раиси ноҳия чорабиниро ифтитоҳ намуда, кулли мардуми ноҳияи Спитаменро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуд. Сипас намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ паёми табрикии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи мардуми ноҳия расонид. Муовини якуми ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон Мирзақулов Беҳзод Фахритдинович, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода низ сокинони ноҳияро бо ин ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз табрик намуданд. Бо барномаи театркунонидашудаи Наврӯз қисми фарҳангии ҷашни ҷашнӣ оғоз гардид, ки дар он аз пайдоиш ва таърихи Наврӯз намоишнома пешниҳод гардид. Аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия, ҳунармандони вилояти Суғд ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии ӯзбекистон консерти идона пешкаш гардид.

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Хадамоти матбуотии раиси ноҳия

  

Aanvullende gegevens