Кумакпулиҳои яквақтаина ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ

 

Ҳамасола, дар арафаи солгарди Иди Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ кумакпулиҳои яквақтаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин кумакпулиҳои яквақтаинаи раиси вилоят расонида мешаванд.

Соли ҷорӣ, рӯзи 4-уми май, ба муносибати 74-умин солгарди Иди Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании ноҳия Абдувалӣ Холматов ва Назирбобо Қобилов, аз ҷониби Пешвои миллат дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби раиси вилоят дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ, ба иштирокчии ҶБВ Абдулло Ҷӯраев дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ Алламурод Турсунматов, Мирабдулло Раҳматуллоев, Баҳриддин Бектиров дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ кумакпулиҳои яквақтаинаи раиси вилояти Суғд, супорида шуданд.

Кумакпулиҳоро Ҳусейн Давлатзода, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони МИҲД-и вилоят супорида, аз номи Пешвои миллат онҳоро бо иди Ғалаба муборакбод гуфтанд.

Ба ин нафарон ҳамчунин, кумакпулиҳои яквақтаинаи раиси ноҳия дар рӯзи Иди Ғалаба тақдим мегарданд.

 

Aanvullende gegevens