Нақши созандаи ҷавонон

Санаи 22 майи соли равон дар ноҳия Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо доираи васеи ҷавонон, дар рӯҳияи баланди сиёсӣ таҷлил карда шуд.

Ин шомгоҳ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, ки рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд, намуди идона дошт. Шукрона аз фазои сулҳу суботи кишвар ҷавонони толеъбаланди ноҳия Рӯзи ҷавононро таҷлил карданд.

Раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода ҳозиринро табрик намуда, қайд кард, ки таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, як навъ арҷгузорӣ ба нақши созанда ва неруи навовар будани ҷавонони кишвар аст.

Ин тадбир, қабл аз ҳама, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавононро воқеан чун табақаи асосию ояндасози ҷомеа     эътироф намудааст.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темур Тӯйчизода сухани табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро расонида, ҷавононро бо ид табрик гуфт.

Раиси иттифоқи ҷавонони шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Ҷалолов ҷавонони ноҳияро бо ид муборакбод кард.

Сипас, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба як гурӯҳ ҷавонони касбу кори гуногун Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, ба гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурӣ ва раиси ноҳия маблағи молиявӣ тақдим гардид.

Дар анҷоми тадбир ҷавонони ноҳия таҳти сурудҳои васфи Ватан, Истиқлолият ва ҷавонӣ, ки аз тарафи ҳамсафони санъатдӯсти муассисаҳо ба иҷро расид, рақсиданду шодӣ карданд.

Aanvullende gegevens