Таҷлили Рӯзи кӯдакон

Дар арафаи моҳи шарифи рамазон ва ба муносибати Рӯзи кӯдакон тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳия Спитамен аёдат карда шуданд.

 

Ба ин муносибат намояндаи иттифоқи касабаи командони вилояти Суғд Абдуллозода Шариф ба интернати назди муассисаи таълимии ноҳия Спитамен ташриф оварда аз рафти таълим ва шароити зисту зиндагонии онҳо дидан намуд. Дар ин муассиса бо иштироки хонандагон чорабини баргузор гардид.

 

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдуллозода шариф сухани шодбошии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Ба ҳамаи тарбиятгирандагон (29 нафар) туҳфаҳо супорида шуд. Тарбиятгирандагон баромад намуда бо шеъру суруд ва рақсҳои худ табъи ҳозиринро шод намуданд. Дар муассиса барои тарбиятгирандагон дастурхони идона ороста шуд.

 

Дар боғи истироҳатии ба номи Аширмат Назарови ноҳия таҷлили рузи кудакон баргузор гардид.

Дар ин чорабини Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим иштирок намуд. Дар даромадгоҳи боғ муассисаҳои томактабию мактаби намоиши гулу паррандаҳо, кори дастии хонандагон, кори эҷодии хонандагони навоварро пешкаши ҳамагон гардонида бо шеъру суруд ва дигар намоишҳо, ҳаёти кӯдакони дигар мамлакатҳоро нишон доданд. инчунин расмкаширо ташкил намуда, пешкаши меҳмонон гардониданд.

Раиси ноҳия, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия ва меҳмонон аз намоиши гузошташуда дидан намуданд. Кӯдакону хонандагон бо шеъру суруд ва рақсу намоишҳо баромад намуда ба меҳмонон маҳорати худро нишон доданд. Ба кӯдакон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Раиси ноҳия баромад намуда, қайд кард, ки тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд».

Ин аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат фаъолият мебарад.

Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чи гуна идора мекунанд ба калонсолон вобастагии зиёд дорад. Кӯдакро бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста, рӯҳияи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.

Шумо бояд Ватан – Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дӯст доред, ба арзишҳои ҷовидонии миллӣ арҷ гузоред ва ҳамқадами замон бошед.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба кудакони ятим ва як қатор кудакони маъюб, ва иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ туҳфаҳо супорида шуд. Аз тарафи кудакон консерти идона пешкаши ҳамагон гардонида шуд.

Хадамоти матбуотии
раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens