Саҳми мураббиён дар рушди варзиш

Санаи 9 августи соли 2019 ба муносибати таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Қасри фарҳанги ноҳия, бо иштироки мураббиён ва дастпарварони мактабҳои варзишӣ, чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим иштирок ва баромад намуда, саҳми мураббиёну варзишгарони ноҳияро дар рушди ин соҳа таъкид намуд.

Қайд гардид, ки сол то сол барои рушди соҳаи варзиш аз тарафи Ҳукумати кишвар ва вилояту ноҳия маблағҳои зиёд ҷудо гардида, барои машқу тамрин тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд.

Сипас, таҳти мусиқии мутантан ба як гурӯҳ мураббиёни собиқадор, устодон ва иштирокчиёни мусобиқаҳои бонуфуз Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Aanvullende gegevens