Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Истиқлолият неъмати беназири Худованд аст, ки ба халқи шарифи Тоҷикистон насиб гашта. Имрӯз мо барҳақ савол дода метавонем: Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Аввалан, озодии миллӣ дод. Ҷаҳон эътироф кард, дар як Сайёраи бузурги олам давлате мутамаддин бо номи миллати тоҷик — Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар собиқ мо чунин эътирофро надоштем. Хотирам ҳаст, моро дар хориҷ қариб ки намешинохтанд. Дар кишвари худ ҳатто бо забони модарӣ пурра девондорӣ ва коргузорӣ намекардем.

Ба шарофати Истиқлолият комилан забони худро барқарор намудем ва қонунан ба он мақоми давлатӣ додем. Акнун дар ҳама манотиқи кишвар забони тоҷикӣ ба ҳайси забони коргузорӣ ва муоширати давлатӣ амал мекунад. Мо соҳиби марзи мустақил, Артиши мустақил, асъори мустақил, Нишону Парчами мустақил, ки бо номи миллату давлат тавъаманд, соҳиб гардидем.

Аз ҳама муҳимтар, давлати миллӣ бунёд намудем, ки имрӯз қатори давлатҳои абарқудрати сайёра ҷойгоҳи махсуси сиёсӣ дорад. Ва ин давлати мустақилро шахсе сарварӣ карда истодааст, ки дар сиёсатмадорӣ ҷаҳон эътироф намуда, фарзанди фарзона, нексиришту дурандеш, оқилу хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мебошанд. Бо ӯ на танҳо халқи Тоҷикистон, балки тоҷиконе, ки дар марзҳои гуногуни сайёра зисту фаъолият доранд, мефахранду дар ҳаққаш ҳамеша дасти дуои хайр мебардоранд.

Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Посух, ҳама чиро! Истиқлолият моро соҳиби замин кард. Дур намеравем. Солҳои шӯравӣ кадом деҳқон имрӯза барин ҳукмрони замин буду ба маҳсулоти истеҳсолкардааш соҳибӣ дошту онро озод ба бозори дохиливу хориҷӣ ба фурӯш мебаровард? Бечора деҳқон шабу рӯз дар саҳро ранҷ мекашид, вале самарааш ҳеҷ буд. Як мисоли оддӣ, тамоми сол замин асосан ба пахтакорӣ банд буду кишоварзи бечора аз натиҷаи ранҷаш ҳузуру ҳаловате намедид, фоида ва ҳаловаташ насиби онҳое мегашт, ки саҳро ҳаргиз надида. Кӣ гумон дошт, ки рӯзе деҳқон аз ҳамаи ин ранҷҳо халос мешавад, ба замин молик мегардаду зироатеро кишт мекунад, барояш фоидаовар. Ё ҳеҷ гумон мекардед, ки ҳамин пахта ҳам моликияти худи ӯ шуда, дар фурӯшаш комилан соҳибихтиёр мегардад? Пас, ин ҳама аз чист? Албатта, аз самараи Истиқлолият!

Дар хотир дорам, одамони доро наметавонистанд озодона ягон иншооти бузург бунёд кунанд. Ин буд, ки бештарин шахсиятҳои варзида, ҳамту зиндагии хоксорона ба сар бурда, аз олам гузаштаанд.

Имрӯз чӣ? Қасру кӯшкҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, қатор-қатор техникаву таҷҳизотҳо, ки моликияти шахсони воқеианд, магар самараи Истиқлолият нестанд?!

Агар истиқлолият намешуд, имрӯз Тоҷикистон ба чунин дараҷа дар ҷаҳон шинохта мегардид? Оё нақбҳо, неругоҳи азимтарин — Роғун, пулу роҳҳои ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонӣ, корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулотҳои ватанӣ бунёд мегардиданд?!

Агар истиқлолият намешуд, варзишгарони тоҷик, олимони тоҷик, хонандагону донишҷӯёни тоҷик метавонистанд, ки дар мусобиқа, симпозиуму олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баробари фарзандони дигар кишварҳои абарқудрат ширкат варзанду Парчами Тоҷикистонро бардоранду Суруди миллиашро сароянд?! Албатта, не!

Истиқлолият ба мо чӣ дод? Пеш аз ҳама озодии виҷдонро дод, чун мусулмони комил бароямон ба ҷо овардани ҳамаи арконҳои шариати исломиро фароҳам овард. Пӯшида нест, дар собиқ мо расман рӯза гирифта, ба масҷид озодона намоз гузоридан, идҳои исломии Рамазону Қурбонро миллӣ ҷашн гирифтан, дар ин рӯзҳо истироҳат намудан, наметавонистем. Ҳатто мавридҳое мешуданд, ки қабристон пайи зиёрати гузаштагонамон рафтан, меҳаросидем. Дар мавриди зиёрати Каъба Ҳаҷ ҳоҷати гап задан ҳам набуд. Ҳаҷрав ҳатман боиси таъқиб қарор мегирифт. Аз як деҳаи калон аҳёнан ба ҳаҷ рафтани ягон нафарро мешунидему халос. Имрӯз чӣ?! Ҳамасола, аз як кишварамон беш аз ҳафт ҳазор нафар, аз як деҳаи хурдтарак бошад, чор-панҷ нафар, бидуни ҳеҷ гуна таъқиб, озодона ба маросими Ҳаҷ мераванд, ки дар ин маросим худи давлат ба ҳоҷиён тамоми шароити рафтуомадро мусоид кардааст. Магар ин самараи Истиқлолият нест?!

Дар деҳоту шаҳру ноҳияҳо дар ин солҳо ҳамин қадар масҷидҳо бунёд шудаанд, ки аз шумори мактабҳо бештаранд. Набояд ҳамаи инро нодида гирифту ба Истиқлолият ношукрӣ кард.

Истиқлолият, дар маҷмӯъ, тамоми дарҳои хушбахтӣ ва саодат, илму маърифат, ҳунаромӯзӣ, рӯ овардан ба илмҳои муосири дунявиро рӯямон боз кардааст. Мо бояд дар навбати аввал, ба ҳамаи ин неъматҳои Худованд: озодӣ, сулҳ, ободӣ, дӯстӣ, ваҳдат, соҳибистиқлолӣ, соҳибватанӣ, созандагиву бунёдкорӣ, шукуфойӣ ва фарзанди хоку обу замини ҳамин кишвар буданамон, ки номаш Тоҷикистон аст, шукрона гӯем, шукрона хонем, дигаронро ҳам ба шукрона гуфтан даъват намоем.

Ба андешаи ман, ҳар касе, ки ба ин неъматҳо, носипосӣ мекунад, ношукр аст, ӯ инсони озода ва комил нест.

Набояд фаромӯш кунем, ки ин Истиқлолият ҳамту осонакак моро насиб нагаштааст. Ба ёд оред, солҳои аввали Истиқлолият туфайли фарзандони нохалаф ва хоинони миллат Ватанамон чи гуна ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ печида, қариб монда буд, ки фано гардад.

Хушбахтона, бо инояти Офаридгор фарде ба сари давлат омад, ки ба рӯйи халқ аз нав шуълаи умедро ба ояндаи фирӯз рӯшан кард, давлатро аз нобудшавӣ, миллатро аз парокандашавӣ эмин дошт.

Ӯ фарзанди сарсупурда ва асилу фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз халқи азизу муътабараш ӯро ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф карда, меҳрашро дар қалбҳои поки худ ошёни ҳамешагӣ додаанд. Ифтихор мекунанд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои дурандешонааш Тоҷикистон аз давлате ҷангзада ба давлате, ки рӯз то рӯз рӯ ба рушд дораду аз ҳама ҷиҳат дар арсаи олам шинохтатар шуда истодааст, зиндагӣ мекунанд.

Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон таҳти Сарварии ин фарзонафарзанд ба давлате табдил меёбад, ки дар қатори беҳтарин даҳгонаи давлатҳои пешрафта номаш мебаранд. Дар ин орзу мо мутмаинем.

Дар ин радиф, моро, ҳар шахси ватандӯсту худшинос ва ҳисси миллӣ доштаи кишварро зарур аст, бидонад, ки имрӯз вазъи ҷаҳони пурихтилофи муосир дар чи сатҳ қарор дорад. Алъон дар куҷо, дар кадом давлати сайёра як фазои комили осоиштагиро метавон пайдо кард? Дар мамолики Шарқи наздик, хоса дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон рӯзе нест, ки даҳшати хунрезиҳо аз тарафи террористону экстремистон, қувваҳои ифротии бо ном “Давлати исломӣ” ба назар нарасанд. Нисбати ин амалҳои бадхоҳона сулҳхоҳони тамоми олам эътироз мекунанду маҳкум менамоянд, ҷаҳонро барои поксозӣ аз онҳо даъват мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирини худ ба вакилони парлумон ва халқи кишвар дар ин хусус ҳушдор доданд, ки: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.

Ва аз ин хатар Тоҷикистон низ эмин буда наметавонад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ягон лаҳза зиракӣ ва ҳушёрии сиёсии худро аз даст надиҳем, фарзандонро, хурду бузургро, ҳамеша ба ҳушёру бедор будан аз қувваҳои ифротгаро талқин намоем. Медонем, ки бо вуҷуди ҳамин қадар неъматҳои насибкардаи Истиқлолият, зумрае фарзандони гумроҳу ноогоҳ ва ба доми қувваҳои террористӣ афтодаи кишвари мо имрӯз дар сафи бадхоҳони миллат алайҳи озодӣ хуни ноҳақ мерезанд. Пешгирӣ намудани фарзандон аз шомилшавӣ ба неруҳои иртиҷоӣ, на танҳо қарзи волидайн, балки қарзу фарзи ҳар як шахси меҳандӯсту худшинос мебошад.

Ҷое, ки ваҳдати халқ ҳаст, ҷое, ки ниятҳо поку беолоишанд, ҷое, ки халқ ба Сарвараш меҳр дорад, боварӣ дорад, сиёсаташро пуштибонӣ мекунад, бешак он давлат ояндаи дурахшон ва пешрафтро молик мегардад.

Бигузор, Истиқлолияти Тоҷикистон, ки ба ифтихори 30-солагиаш дар саросари кишвар амалҳои ободонию бунёдкорӣ авҷи тоза касб кардааст, мардуми бонангу ор ва ҳимматбаландаш дар ин роҳ камари мустаҳкам бастааст, бо Сарварии фарзанди маҳбубаш, Пешвои муаззамаш Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои мақсудро фатҳ намуда, дар ҷаҳон пояндаву ҷовидон бимонад!

Ато БОҚӢ,
узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон,
Аълочии матбуот, ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens