Табрикоти раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Боиси фараҳмандист, ки мардуми сарбаланду саодатёри кишвари биҳиштосои Тоҷикистон шукрона аз сиёсати созанда ва бунёдгаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни муқаддаси тақдирсози миллӣ — 28-солагии Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу субот ва осоиштагӣ ботантана истиқбол мегиранд.

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзиш аст, ки ба шарофати ин руйдоди бузурги таърихӣ, халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Давлати тоҷик таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракуниро дар шароити нав танзим намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод ва барои ягонагии халқи Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии он саъю кӯшиши зиёде кард.

Зимни талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат ва халқи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, Истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва   кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд.

Бо ифтихору сарбаландӣ метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан барои ҳар як инсон бахти бузург аст, зеро маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ чун дигар гӯшаву канори мамлакати азизамон дар қаламрави ноҳия низ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, тандурустӣ рушду таҳким ёфта истодаанд.

Ҷашни имсолаи Истиқлолият дар рӯзҳое рост омад, ки мардуми сарбаланди кишварамон ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1300 рӯзи меҳнати зарбдор омодагӣ мебинанд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободониву бунёдкорӣ рӯз аз рӯз вусъат ёфта маркази ноҳия, ҷамоатҳои       шаҳраку деҳот, деҳаҳои дуру наздик симои дигарро ба худ гирифта истодаанд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳия иқдоми мазкурро дар оянда низ амалӣ хоҳад намуд.

28-соли Истиқлолият — як пораи таърихи халқи куҳанбунёди мо мебошад. Миллати сарбаланду бостонии мо қодир аст, ки бо заҳмати фидокоронаи худ ба дастовардҳои хеле бузург ноил гардад. Итминони комил дорам, ки ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми заҳматкаши ноҳияамон нерӯи тоза бахшида, баҳри боз ҳам тақвият додани Ваҳдати миллӣ ва беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат менамояд.

Дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва сазовор пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мо бояд ҳамеша муттаҳид бошем. Ватани худро мисли модари худ дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем.

Ҷашни мубораку ҳуҷастаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи ноҳияи Спитамен самимона табрик гуфта, тандурустиву саодати рӯзгор, хонаободӣ ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Aanvullende gegevens