Ноҳияи Спитамен: Ҳашарчиён ба кумаки пахтакорон баромаданд

Кишоварзони меҳнатдӯсти ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ният доранд, ки имсол ба хирмани Ватан 13 300 тонна пахта ҳамроҳ намоянд.

Дар соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия ба майдони 6700 га пахта кишт намуда, онро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш намуданд. Имрӯз дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия барои иҷрои дурнамои солонаи пахта тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил маъракаи пахтачинӣ вусъати тоза ёфта истодааст.

Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, кормандони Ҷамоатҳо, роҳбарони идораву ташкилотҳо, директорону ҷонишинони шуъбаи маориф, кормандони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони дин, идораи кишоварзӣ, собиқадорону гурӯҳи дигари ҷомеаи меҳнатӣ, барои ёрӣ расонидан ба деҳқон якшанбеи рӯзи истироҳат, зиёда аз 2500 нафар ҳашарчиён ба пахтачинӣ баромаданд.

Ҳашарчиён, асосан, дар заминҳои Ассосиатсияи истифодабарандагони оби ба номи Т. Ӯлҷабоев, аз ҷумла дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Абдуваҳҳоб-саркор» дар ҷамъоварии ҳосили пахта кумак карданд. Хоҷагии деҳқонии «Абдуваҳҳоб-саркор» дорои 30 гектар замин буда, соли ҷорӣ дар майдони 11 гектар пахтаи навъи «Ирам»-ро кишт карда, ҳосили дилхоҳ расонидаанд. Ба хоҷагӣ деҳқони пуртаҷриба Абдумаҷид Абдуқайюмов роҳбарӣ намуда, дар он зиёда аз 30 нафар саҳмдорон фаъолият доранд.

Ҳашарчиён рӯзи истироҳат бештар аз 151 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда, ба хирмани умумии ноҳия саҳми сазовор гузоштанд.

Aanvullende gegevens