Хизмат ба Ватан — дарси ҷавонмардиву шуҷоат

3 октябри соли 2019, Майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии назди МИМҲД-и ноҳия имрӯз аз нав шукӯҳи идона гирифт.

Ба муносибати нахустин даъвати тирамоҳона, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ” маросими гуселонидани тантанавии наваскарон баргузор гардид.

Дар ин маросим раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, падару модарони наваскарон, собиқадорони ҷангу меҳнат, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Нахуст, раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим сарбозони ояндаи Ватанро бо ин рӯзи таърихӣ, ки дар майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҷамъ омада буданд, шодбош намуда, ба ҳамаи он падару модароне, ки барои гусели фарзандони худ ташриф овардаанд, миннатдории самимӣ изҳор кард. Таъкид дошт, ки ҷавонони ноҳия – наваскарони оянда ифтихори Ватан буда, имрӯз бо шарафмандии бузург барои адои хизмати марзу буми кишвар сафарбар мегарданд.

Зикр гардид, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт аст, ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан онҳоро обутоб мебахшад. Ин аст, ки дастгирӣ намудани Артиши Миллӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои адои қарзи фарзандии аскарону афсарон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сипас, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия, полковник Абдулшаҳид Ниёззода наваскаронро бо ин рӯзи шарафу ифтихормандӣ таҳният намуда, барояшон хизмати сарбаландона таманно кард.

Дар тантана аз номи даъватшавандагон, наваскар аз Ҷамоати деҳоти Тағояк, хатмкардаи ДДҲБС-и Тоҷикистон Маъруфҷон Зокиров, ҷавондухтари фаъоли ноҳия Шоҳиста Рустамова, аз номи модарони даъватшаванда, аз Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев Дилором Мирхӯҷаева суханронӣ карда, дар баробари даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди Тоҷикистонии синнаш ба 18-сола расида мебошад, ҳамчунин ба наваскарон роҳи сафеду хизмати сарбаландона дар ҳифзи марзу буми Ватани соҳибистиқлол орзу карданд.

Пас, ба як гурӯҳ даъватшавандагоне, ки курси ройгони ронандагиро дар таълимгоҳи Литсейи касбӣ-техникии ноҳия хатм карда буданд, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби раиси ноҳия “Шаҳодатнома”-ҳои хатми ронандагӣ супорида шуданд.

Сархатиби ноҳия Б.Исмоилов ба сафари наваскарон фотиҳаи роҳи сафед дод.

Дар лаҳзаи ҷолиб волидайни хонандагон, бо орзуҳои неки сиҳату саломат ба оила баргаштани наваскарон, маросими нонгазонро ба анҷом расониданд.

Дар анҷом, аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзур гардид, ки наваскарон ҳамроҳи волидон ва ёру дӯстон рақсу шодмонӣ карданд.

Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳона зиёда аз 145 нафар ҷавонони ноҳия ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.              

Aanvullende gegevens