Ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия Спитамен

pahta-2017Меҳнаткашони зафарманди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ният доранд, ки имсол ба хирмани Ватан 10300 тонна   пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Дар соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия ба майдони 5405 га пахта кишт намуда, онро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш намуданд. Имрӯз дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия барои иҷрои нақшаи солонаи пахта камари ҳиммат баста дар саҳро мебошанд.

Зафармандони АИО Саидқурғон ах Ҷамоати деҳоти Истиқлол (раиси ҷамоат Неъматҷонов Ғайратҷон) Раиси АИО Бекназаров Бобомурод ба 169 га пахта кишт намуда ба давлат ба ҷои 340 тонна 400 тонна  нури гаронбаҳо супорида яке аз аввалинҳо шуда нақшаи солонаи пахтаро сарбаландона ба 118 фоиз  иҷро намуданд.

Рӯзи истироҳати барои расонидани ёрӣ ба марди деҳқон бо роҳбарияти маҳаллии ҳокимияти давлати, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳбарони кормандони идораву ташкилотҳо барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Куруш ба ҳашар баромаданд. Дар ин ҷамоат Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Куркат фаъолият мебарад. Саҳмдорони  ин АИО ба 825 га  пахта кишт намуда онро тибқи талаблтҳои агротехники парвариш кардаанд, ки имрӯз ҳосил хеле фаровон руёнида нақшаи солонаро пурра иҷро намуда ба давлат 152 тонна пахта супориданд.  Чуноне, ки раиси АИО Куруш  Сайдулло Юсипов итилло дод. Дар ин  АИО якчанд  хоҷагиҳои деҳқони ташкил карда шудааст. Имруз дар ҳамаи хоҷагиҳо ҳосил фаровон аст, ки аксарияти онҳо нақшаи дурнамои пахтаро сарбаландона иҷро намудаанд. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Мирюсуф раисаш Ҷаъфар Юсипов ба 35 га пахта кишт намуда ба хирмани Ватан то имруз 40 тонна пахта супорида нақшаи солонаро барзиёд иҷро намуда боз барои иҷрои 10 тоннна уҳдадори кушиш намуда истодаанд. Хоҷагии деҳқонии Каромат раисаш Пулотоа Ҳоҷимурод низ нақшаи солонаро иҷро намуда ҳосилнокиро ба 22 сентнер расониданд, ки ҳоло пахта бисёр аст боз ҳосили боқимондаро ҷамъовари намуда ҳосилнокиро ба 25 сентнер мерасонанд. 

Деҳқонони  АИО Бобоев низ ба марраи мурод наздик омадаанд То ба имрӯз 91 тонна пахта супориданд. Хоҷагии деҳқонии  Сайҳун аз АИО Бобоев раисаш Ҷаҳонова Эркиной  низ нақшаи солонаро сарбаландона иҷро намуда 22 сентнери ҳосил рӯёнданд. Ҳоло барои ӯҳдадори кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар ҳамаи ин хоҷагиҳо саҳми чинакчиён аз хоҷагии деҳқонии Миюсуф Орипова Саёҳат, Мамадалиева Гулҷаҳон , Қурбонова Ёрқин аз бхоҷагии деҳқонии каромат Пулотова Зулола, Шодиева Шоира, Пулотова Гулчеҳра, аз хоҷагии деҳқонии Сайҳун Ҷаҳонова Гулҷаҳон, Кенҷаева Нигора  хеле назаррас аст.  Ҳамаи ҳосили ҷамъоваришуда дар заводҳои пахтаи ноҳия коркард карда мешавад.

Дар ноҳия ҷамъоварии пахта идома дорад.

Aanvullende gegevens