Иҷрои нақшаи солона. Муждаи зафар

mgdЗафармандони ноҳияи Спитамен,  деҳқонон ва кулли коркунони комплекси агросаноатии ноҳия баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  пурсамар меҳнат намуда, санаи 14 октябри соли ҷорӣ, аз таъмини нақшаи солонаи пахтасупорӣ сарбаландона баромаданд.

Иҷроиши нақша дар рӯзи  таҷлили Иди Меҳргон ва сазовор таҷлил намудани санаи муҳими тақдирсоз 25-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дастоварди беназир аст.

Деҳқонони ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 5405 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз 10311 тонна «тиллои сафед» ба даст оварданд, ки ин ба 100 фоизи нақшаи пешбинишудаи пахтасупории ноҳия баробар аст.

Дар таъмини дастоварди меҳнатӣ, саҳми тамоми кормандони ташкилоти муассисаҳои ноҳия, махсусан кормандони соҳаи маориф,  тандурустӣ, саноату сохтмон, мутахассисони раёсати кишоварзии ноҳия, механизатору обмонҳо ва чинакчиён назаррас аст.

Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Саидқӯрғон»,  «А.Сатторов», «А.Бобоев» ва «Куруш» нақшаи солонаи пахтасупориро пурраву барзиёд таъмин намуда, ҳоло ба ҳисоби уҳдадорӣ ба ҷамъоварии дурри гаронбаҳо машғуланд. 

Бо вуҷуди иҷро гаштани нақшаи солонаи пахтасупорӣ дар заминҳои кишт ҳосил фаровон буда, заҳматкашони  ноҳия азми қавӣ доранд, ки дури гаронбаҳоро  то пағаи охирин ҷамъоварӣ намоянд.

Aanvullende gegevens