Таҷлили иди Меҳргон дар ноҳияи Спитамен

mehrgonБа муносибати иди Меҳргон дар Ҷамоати деҳоти Тағояк деҳаи Лангар бинои Ассотсиатсияи Истифодабарандагони Оби Бобоев мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи ин бино роҳбари мақомоти маҳаллии ноҳия иштирок намуда ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин бино саҳм гузоштаанд ихҳори сипос намуд.

Бояд тазаккур дод, ки АИО Бобоев соли 2014 ташкил шудааст. Дар ҳудуди ин Ассотсиатсия   2693 га замин буда, аз он 702 заминҳои корами обӣ 388, заминҳои лалмӣ, 901 га заминҳои чарогоҳ ва 701 дигар заминҳо дар ин заминҳо 80 адад хоҷагиҳои кишоварзӣ ташкил шудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгири раисони хоҷагиҳо аз ҳисоби ҳаққи аъзоги ин бино сохта ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 8 утоқҳои корӣ , мусоҳибот, утоқи раиси АИО, толори маҷлисгоҳ иборат буда ҳамаи шароитҳои кори муҳайё мебошад.

Худи ҳамин рӯз бегоҳи дар боғи истироҳатии ба номи Аширмат Назарови ноҳия таҷлили рузи иди Меҳргон баргузор гардид. Дар даромадгоҳи боғи марказии ноҳия намоиши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва намоиши таомҳои миллии катбонуҳо аз тарафи 7 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пешкаши ҳамагон гардонида шуда озмуни оши палов гузаронида шуд. Ҳамчунин аз тарафи раёсати идораи кишоварзии ноҳия намоиши маҳсулотҳои хоҷагии халқи ноҳия гузошта шуд. Раиси ноҳия муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим вакили Маҷлиси номояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов аз ин намоиши маҳҳсулотҳо дидан намуданд.  Ба муносибати иди Меҳргон чорабини баргузор гардид, ки дар он раисони ҷамоатиҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони АИО ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳбарони идораву ташкилотҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳия ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда қайд кард, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми мо буда дар даврони истиқлолият аз нав муҳайё гардид. Инчунин хурсандибахш он аст, ки ноҳия нақшаи солонаи пахтаро барзиёд иҷро намуд. Баъд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов ҳозиринро табрик намуд. Ба муносибати иди Меҳргон ва иҷрои нақшаи солонаи пахта ба як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун Сипоснрма ва туҳфаҳои хотирави дода шуд. Бо сурудҳои дилангези худ сарояндагони бахши фарҳанг ва театри ноҳия табъи ҳозиринро шод гардониданд.          

Меҳнаткашони зафарманди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ният доранд, ки имсол ба хирмани Ватан 10300 тонна   пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Дар соли ҷорӣ деҳқонони ноҳия ба майдони 5405 га пахта кишт намуда, онро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ парвариш намуданд. Имрӯз дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия барои иҷрои нақшаи солонаи пахта камари ҳиммат баста дар саҳро мебошанд.

Зафармандони АИО Саидқурғон ах Ҷамоати деҳоти Истиқлол (раиси ҷамоат Неъматҷонов Ғайратҷон) Раиси АИО Бекназаров Бобомурод ба 169 га пахта кишт намуда ба давлат ба ҷои 340 тонна 400 тонна  нури гаронбаҳо супорида яке аз аввалинҳо шуда нақшаи солонаи пахтаро сарбаландона ба 118 фоиз  иҷро намуданд.

Рӯзи истироҳати барои расонидани ёрӣ ба марди деҳқон бо роҳбарияти маҳаллии ҳокимияти давлати, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия роҳбарони кормандони идораву ташкилотҳо барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Куруш ба ҳашар баромаданд. Дар ин ҷамоат Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Куркат фаъолият мебарад. Саҳмдорони  ин АИО ба 825 га  пахта кишт намуда онро тибқи талаблтҳои агротехники парвариш кардаанд, ки имрӯз ҳосил хеле фаровон руёнида нақшаи солонаро пурра иҷро намуда ба давлат 152 тонна пахта супориданд.  Чуноне, ки раиси АИО Куруш  Сайдулло Юсипов итилло дод. Дар ин  АИО якчанд  хоҷагиҳои деҳқони ташкил карда шудааст. Имруз дар ҳамаи хоҷагиҳо ҳосил фаровон аст, ки аксарияти онҳо нақшаи дурнамои пахтаро сарбаландона иҷро намудаанд. Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Мирюсуф раисаш Ҷаъфар Юсипов ба 35 га пахта кишт намуда ба хирмани Ватан то имруз 40 тонна пахта супорида нақшаи солонаро барзиёд иҷро намуда боз барои иҷрои 10 тоннна уҳдадори кушиш намуда истодаанд. Хоҷагии деҳқонии Каромат раисаш Пулотоа Ҳоҷимурод низ нақшаи солонаро иҷро намуда ҳосилнокиро ба 22 сентнер расониданд, ки ҳоло пахта бисёр аст боз ҳосили боқимондаро ҷамъовари намуда ҳосилнокиро ба 25 сентнер мерасонанд. 

Деҳқонони  АИО Бобоев низ ба марраи мурод наздик омадаанд То ба имрӯз 91 тонна пахта супориданд. Хоҷагии деҳқонии  Сайҳун аз АИО Бобоев раисаш Ҷаҳонова Эркиной  низ нақшаи солонаро сарбаландона иҷро намуда 22 сентнери ҳосил рӯёнданд. Ҳоло барои ӯҳдадори кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар ҳамаи ин хоҷагиҳо саҳми чинакчиён аз хоҷагии деҳқонии Миюсуф Орипова Саёҳат, Мамадалиева Гулҷаҳон , Қурбонова Ёрқин аз бхоҷагии деҳқонии каромат Пулотова Зулола, Шодиева Шоира, Пулотова Гулчеҳра, аз хоҷагии деҳқонии Сайҳун Ҷаҳонова Гулҷаҳон, Кенҷаева Нигора  хеле назаррас аст.  Ҳамаи ҳосили ҷамъоваришуда дар заводҳои пахтаи ноҳия коркард карда мешавад.

Дар ноҳия ҷамъоварии пахта идома дорад.

Aanvullende gegevens