Маҷлиси ҷамъбастӣ

Дар ноҳияи Спитамен тибқи ҷадвали баргузории маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ноҳия дар нуҳ  моҳи  соли 2017, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд тасдиқ гардидааст, санаи 19 октябри  соли равон, дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда ҷиҳати бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намудани соли 2017»    баргузор гардид.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим маҷлиси ҷамъбастиро ифтитоҳ намуд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2017 намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилоят муҳтарама Назира Ғаффорӣ иштирок намуд.

Ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон ва ҷавонон иштирок намуданд.

Оид ба Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  муовини Раиси ноҳия   Дилрабо Раҳимӣ   ҳисобот дод. Қайд гардид, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 101,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 38 миллиону 180 160 сомонии нақшавӣ, ба буҷети ноҳия 38 миллиону 755 ҳазору 370 сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд, ки нисбат ба нақша 575 210 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамин давра буҷети маҳаллии ноҳия 99,4 фоиз таъин шуда, ба ҷои 33 млн 818 ҳазору 400 сомонии нақшавӣ, 33 млн 629 ҳазору 946 сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3 млн 138 ҳазору 270 сомонӣ зиёд таъмин карда шудааст.

Дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,6 фоиз таъмин гаштаааст, ки ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаи нақшавӣ 10 миллиону 49 ҳазору 940 сомонӣ ва нисбат ба маблағҳои ҳамин давраи соли гузашта ҷамъгардида 159 ҳазору 916 сомонӣ зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ маблағи барқи истифодашуда дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 17 миллиону 575 ҳазору 700 сомонӣ ташкил намуда, ҷамъоварии он дар ин муддат 15 миллиону 140 ҳазору 900 сомонӣ ё ин ки 86,1 фоиз, аз ҷумла пардохти маблағи барқи истифодашуда аз тарафи аҳолӣ 4 миллиону 699 ҳазор сомонӣ ё ин ки 93,8 фоиз, корхонаҳои саноатӣ 8 миллиону 301 ҳазору 760 сомонӣ ё ин ки 89,5 фоиз, ташкилоту корхонаҳои ғайрисаноатӣ 2 миллиону 312 ҳазору 710 сомонӣ ё 94,3 фоиз, ташкилотҳои буҷети маҳалли 415 ҳазор 70 сомонӣ ё 96,6 фоиз, соҳаи кишоварзӣ 611 ҳазору 760 сомонӣ 110 фоизро ташкил медиҳад. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи саноатии ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 172 миллиону 955 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 132,4 фоиз таъмин гардидааст.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 14 иншооти таъиноташ гуногун  дар Ҷамоати деҳоти Т.Ўлҷабоев коргоҳи истеҳсолии хишт – ҶДММ “КАФС”, дар Ҷамоати деҳоти Куруш комплекси чорвои хушзоти ширдеҳ ва гўшт, дар Ҷамоати шаҳраки Навкат сехи иловагии коргоҳи коркарди ғалла ва бинои маъмурии ҶДММ “Султони Ҳаким”, бинои нави маъмурии роҳи оҳани Спитамен бо толорои интизори мусофирон дар Ҷамоати шаҳраки Навкат, бинои дуошёнаи шӯъбаи “Муҳофиза”-и шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сехи коркарди сангҳои базалтии “Элегант” дар Ҷамоати деҳоти Тағояк, дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол муассисаи ғайридавлатии “Акрам” ва дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд клиникаи хусусии ташхисию табобатии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, зиёда аз 70 ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Сохтмончиёни ноҳия дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 19 миллиону 491 ҳазор сомонӣ фондҳои асосиро ба истифода доданд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 30,5 фоизро ташкил медиҳад.

Аз тарафи корхонаи “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ, чароғонкунии кӯчаву хиёбонҳо ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ амалӣ карда шуданд ва дар кӯчаҳои марказии ноҳия 640 адад ниҳоли “Арча” шинонида шуд, ки аз ин шумора 90 адад ниҳоли “Маҷавелник” ва 550 дона ниҳоли “Сасна” мебошад.

Кишоварзони ноҳия дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 351 миллиону 733 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016-ум 114,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,6 фоиз, шир 104,3 фоиз ва тухм 149,3 фоиз таъмин гардид. Кишоварзони ноҳия, дар майдони 5405 гектар пунбадона кишт намуда, дар Рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон сарбаландона аз иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ баромада, ба хирмани давлат зиёда 10300 тонна пахта супориданд. Дар ин давра дар майдони 189 гектар картошка кишт карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 20 гектар ё 11,8 фоиз зиёд буда, 2093 тонна картошка истеҳсол намудаанд.

Ҷиҳати татбиқи барномаи вилоятии “Соли 2017 – Соли дастраси аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” дар ноҳия корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла таъмири асосии қубурҳои оби нӯшокӣ ба масоҳати 9,3 км ба сомон расонида шуд, ки 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра барои таъмини аҳолии деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо шабакаи оби нӯшокӣ таъмин гардид, ки маблағи умумии он 4 миллион сомониро ташкил дода, барои сохтмони ин иншоот аз ҷониби сармоягузор 1 958 131 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен 200 000 сомонӣ ва аз ҷониби аҳолии деҳа 1 миллиону 50 сомони саҳмгузорӣ карда шуд.

Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалӣ намудани барномаи мазкур то охири соли ҷорӣ ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Илова бар ин бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд ҷиҳати кофтани чоҳҳои амудӣ дар деҳаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Т.ӯлҷабоев ва деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Куруш бо мақсади бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани сокинон аз ҳисоби буҷети вилоят ҳамагӣ 599 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳо дар ин деҳаҳо идома доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои омодагӣ ба мависми тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 аз ҳоло омодагӣ гирифта истодааст, тибқи қарори Раиси ноҳия дар муассисаҳои буҷетии ноҳия захираи 667,7 тонна ангишт ба нақша гирифта шуда, то санаи 1 сентябри соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 690 тонна ё ин ки 121,4 фоизи ангишти ба нақша гирифташуда барзиёд захира гардид.

Бо мақсади  татбиқи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, таҳти №375 «Дар бораи қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушд додани ҳунари адрасу атласбофии дастӣ дар ҷамоати деҳоти Куруш ва дар ин замина бо касбомӯзониву ҷойи корӣ таъмин намудани занҳои хонашин як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия марказҳои таълимии атласу адарасбофӣ ташкил гардидааст.

Айни ҳол дар ноҳия 7 марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, 30 адад дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 7 адад дастгоҳи калони қолинбофӣ, 24 адад дастгоҳи майдаи таълимӣ қолинбофӣ насб карда шуда, аз ҷониби ҳунармандон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 2 470 метр адрас ва 120 метр қолин бофта шуд, ки аз он 2 400 метр адрас, 120 метр қолин фурӯхта шудааст.

Айни ҳол дар ноҳия 1732 нафар омӯзгорон фаъолият мебаранд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар омӯзгор зиёд мебошанд.

Соли хониши ҷорӣ 1770 нафар хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, аз онҳо 1271 нафар ё 72 фоизи хатмкунандагон ба Маркази миллии тестӣ ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

Ба Донишгоҳҳои олӣ тибқи маркази миллии тестӣ 796 нафар, ба давлатҳои хориҷӣ 51 нафар ва инчунин 16 нафар ба тариқи квота дохил шудаанд, ки дар маҷмӯъ 863 нафар соҳиби номи баланди донишҷӯӣ гардиданд.

Айни ҳол дар муассисаҳои бистарикунонии ноҳия 550 кормандони тиб фаъолият мебаранд.

Имрӯз ба аҳолии ноҳия 55 нафар духтурон ва 303 нафар ҳамшираҳои шафқат ва кормандони миёнаи тиббӣ  ёрии тиббӣ мерасонанд.

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 51 ҳазору 900 нафарро ташкил дода, аз он 27 ҳазору 490 нафар духтарон мебошанд. Дар ноҳия 1 мактаби варзишии бачагону наврасон аз рӯи 13 намуди варзиш фаъолият мебарад.

Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 185 медал, аз ҷумла 40 медали тилло, 70 медали нуқра ва 75 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1215 адад тӯю маросимҳо, аз ҷумла 525 адад тӯйи домодию арӯсӣ (1 адад хайриявӣ), 419 адад хатнасур   (4 адад хайриявӣ), 113 адад маросими чил ва 100 адад маросими сол баргузор гардид, ки барои гузаронидани онҳо 290 адад чорвои хурд забҳ карда шудаанд. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 7 қонуншиканӣ ошкор гардида, барои ҷаримабандӣ ба суди ноҳия ирсол карда шуд ва роҳи 25 ҳолати қонуншиканӣ гирифта шуд.

 Мувофиқи ахбороти шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия давоми нӯҳ моҳи соли 2017 дар ҳудуди ноҳия 215 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ошкоршавиаш 96,26 фоизро ташкил дод. Дар ҳамин давра ҷиноятҳои мансуб ба шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ 151 адад ба қайд гирифта шудааст, ки ошкоршавиаш 96,7 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, ҷиноятҳои вазнин 32 адад ошкоршавиаш 100 фоиз, дуздӣ 43 адад ошкоршавиаш 90,9 фоиз, дуздӣ аз хона 7 адад, ошкоршавиаш 100 фоиз, қаллобӣ 47 адад, ошкоршавиаш 100 фоиз, авбошӣ 12 адад, ошкоршавиаш 100 фоиз мебошад.

Дар ин давра 124 адад ҷиноят дар ҳолатҳои ноаён содир шудааст, ки ошкорёбии онҳо 96,7 фоиз ташкил додааст.

Бо роҳи фаврӣ бошад 118 адад ҷиноят ошкор карда шудааст, ки ошкоршавии он 99,16 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра аз тарафи 11 нафар зан 23 ҷиноят ва ҷониби 3 нафар ноболиғ 3 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ниҳоят боиси нигаронӣ буда, аъзоёни комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияро водор месозад, ки баҳри пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корбарӣ намоянд.

Баъди баромад аз руи масъалаи мазкур аз раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту  идораҳо    пурсиш намуда баҳри иҷрои норасоиҳо супориш дод.

Дар охир Муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ  баромад намуда баҳри иҷрои камбудиҳо дастуру супоришҳо дод. .

Дар охири маҷлис вазифагузориҳои Раиси ноҳия ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Aanvullende gegevens