Таҷлили Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен

 

Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд тибқи  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз руз корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза ёфта аз тарафи соҳибкорон иншоотҳои хизматрасонӣ ва дигар нуқтаҳо талаботи мардум сохта шуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи марказии ноҳия гӯшаи ёдгории иштирокчиёни байналмилал аз нав таъмиру тармим гардида ба хотири шаҳидони ҷанговарони Афғонистон лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.

Симои деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Т. ӯлҷабоев рӯз аз рӯз ободу зебо гардида аз тарафи соҳибкорон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иншоотҳои хизматрасонӣ сохта шуда, намуди  деҳаҳо дигар гашта истодааст. Худи ҳаин рӯз дар деҳаи Сомғори Ҷамоати деҳоти Т. ӯлҷабоев бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкори ин деҳа Раҳмонбердиев Норбой бунгоҳи тиббии ин деҳа аз нав таъмиру тармим карда шуд, ки дар ифтитоҳи он раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ва аҳолии деҳа иштирок намуданд.     

Инчунин дар деҳаи Янгиободи ҳамин Ҷамоат аз тарафи соҳибкор Исрофилов Рӯзиқул мағозаи хӯроквории «Ҷамшед», аз тарафи соҳибкор Эргашев Неъмат мағозаи талабботи ҳаррӯзаи «Мукаррам», аз тарафи соҳибкор Рофиев Муҳиддин маркази савдои «Заҳриддин», ва аз тарафи соҳибкор Ҳоҷи Дустов Холиқбердӣ нуқтаи хизматрасонӣ ҳамоми «Ҳоҷи Сафар» мариди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи ин объектҳои ҷашнӣ раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим иштирок намуда ба соҳибкорон барои чунин иқдом арзи сипос намуда, таъкид сохт, ки ҳамаи ин пешравиҳо тавссути дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмсомалӣ Ратҳмон ба амал омаданд. Инчунин ба мардум даъват ба амал овард, ки шахсоне, ки барои ташкил ва сохтмони чунин нуқтаҳо ба монанди кӯдакистон мактаб ва дигар иншоотҳо майл доранд аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ хоҳанд ёфт. 

Дар  Қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи таҷлили Конститутсия баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим,  раисони ҷамоатҳо, роҳбарони идораву ташкилот сокинони касбу корашон гуногун иштирок намуданд.

Раиси ноҳия  Сулаймонзода Акрам Раҳим баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрик намуд. 

У афзуд, ки дар ин давра дар ноҳия корҳои ободонӣ хеле вусъат ёфта намуди ноҳия хеле дигар гардид, ки дар ин саҳми соҳибкорони ноҳия хеле арзанда мебошад. Амалӣ гардидани чунин ташаб-бусҳои нек ва вусъат ёфтани корҳои бунёдкориву созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Спитамен самараи Истиқ-лолияти давлатӣ аст, ки бо заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар ҳақиқат низоми нави давлатдорӣ, ки дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ ба миён омад, ҳанӯз дар солҳои 1992 ҷомеаи моро дар пешорӯи тағйирот ва гардишҳои куллӣ қарор дод. Зимнан, ин санади олӣ дар қатори панҷ конститутсияи беҳта-рини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Ба як қатор иштирокчиёни сохти конститутсионӣ,  ва оилаҳои дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ҳалокгашта Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳия консерти идона пешкаши ҳамагон гардонида шуд.

 

Aanvullende gegevens