Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Спитамен

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия рӯзи милитсия таҷлил карда шуд. Дар чорабиниии рӯзи милитсия Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, Сардори Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохили Ҷумҳурии Тоҷиткистон дар ноҳия Зуҳурзода Шамсиддин ва собиқадорону кормандони шуъбаи корҳои дохили фаъолон раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони идораву ташкилотҳо иштирок намуданд.

Суруди миллӣ садо дод. Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим баромад намуда ҳозиринро табрик карда қайд кард, ки таърихи милитсияи тоҷик бозгӯи кӯшишу талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баҳри ҳифзи амнияту осудагии мардум, пойдории сулҳу суботи кишвар, пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа мебошад. Кормандони милитсияи тоҷик ҳамеша баҳри пойдории тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният саҳми муносиби худро доранд. Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин аз озмоишҳои сахту сангин гузашта, матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ нишон додаанд. Дар ин солҳои ниҳоят хатарнок ва ноором кормандони милитсия дар ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти мардум, истиқрори сулҳу суббот ва амнияти ҷомеа, безарар гардонидани гурӯҳҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои низомӣ бо саъю кӯшишҳои фидокоронаву ватандӯстона нақши арзанда гузоштаанд.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти кишвар Ҷанобӣ Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром ва волоияти қонун асос ёфтааст, ки ин имрӯз дар байни аҳли ҷомеа баланд шудани мақоми қонун ва устувории он гардид.

Имрӯз бар дӯши ин мақомот вазифаи басо пурмасъулият- муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун гузошта шудааст.

Сардори Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохили Ҷумҳурии Тоҷиткистон дар ноҳия Зуҳурзода Шамсиддин баромад намуда дар бораи корнамоиҳои милитсияи тоҷик сухан карда ҳамаи иштирокчиёнро ба ин санади муҳим табрик намуд.

Ба муносибати рӯзи милитсия як гуруҳ кормандони ин соҳа бо Сипоснрма ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдиронида шуда бо рутбаҳо сарфароз гардонида шуданд. Як гуруҳ оилаҳое, ки дар тбарқароркунии сохти конститутсиони ҷон нисор капрдаанд аёдат карда шуданд.

Бо суруду баромадҳои рангин кормандони бахши фарҳанг ва театри ноҳия табъи ҳозиринро болида гадонданд.

Aanvullende gegevens