Озмуни адрасбофи беҳтарин дар ноҳияи Спитамен

Дар асоси қарори Раиси ноҳия тахти №799 аз 25.10.2017 сол «Дар бораи озмуни ноҳиявии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин», бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дарёфти беҳтарин ҳунармондони атласу адрасбоф, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон  санаи 8 ноябри соли 2017 дар бинои «Маркази талимию истеҳсолии «Куруш»-и ҷамоати деҳоти Куруш озмуни «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» гузаронида шуд. Дар озмун  марказҳои таълимию истеҳсолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қувваозмоӣ кардаанд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Д.Раҳимӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия И.Холмуродова, сардори шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар ноҳияи Спитамен Ҷамолова Р., мутахассиси пешбарии  МД «Мактаби эҳё ва рушди адрасу атласбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» МИҲД-и вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Юлдошев П. иштирок намуданд. Озмун  дар асоси нақша ва Низомномаи озмун аз руи чор шарт    гузаронида шуд, ки дар он марказҳои таълимию истеҳсолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия қувваозмоӣ кардаанд.   Ҳайати ҳакамон ба иштирокчиёни озмун баҳогузорӣ намуд. 

Дар натиҷа аз руи шарти озмун  Маркази таълимию истеҳсолии   адрасбофи беҳтарин  Маркази таълимии истеҳсолии «Гулибодом»-и ҷамоати деҳоти Тағояк Расулова Уғилой, , аз рӯи шарти  озмуни «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин»-е, ки аз ҳама зиёд матоъ истеҳсол намудааст, Маркази таълимии истеҳсолии «Куруш»-и ҷамоати деҳоти Куруш Каримова Чинора,  аз рӯи шарти озмуни Маркази таълимии истеҳсолии хонаги-е, ки аз ҳама зиёд шогирд ҳунарманд омода намудааст- Маркази таҳсилоти истеҳсолии «Наргиза» ҷамоати шаҳраки Навкат Уматқклова Наргиза ва аз рӯи шарти  озмун – сифат ва нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обуранги атласу адраси дастӣ- Маркази таълимии истеҳсолии «Ориёно»-и ҷамоати шаҳраки Навкат Зоирова Зилола ғолиби озмун шудаанд.

Озмунро муовини Раиси ноҳия Д.Раҳими  ҷамъбаст намуда ба ғолибони  ва иштирокчиёни озмун табрику таҳният намуда ба онҳо Сипосномаҳо ва мукофотпулиҳои  Раиси ноҳия  ва туҳфаҳои хотиравй   супорид.

Aanvullende gegevens