Тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен

Тамоми мардуми ноҳия, кормандони касбу корашон гуногун тариқи оинаи нилгун Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоша карданд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳафт ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳо ва дар бозори марказии ноҳия барои тамошои Паём шароитҳо фароҳам оварда шуд, ки сокинони ноҳия Паёми навбатиро бо дилгармӣ ва шукрона аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ тамошон намуда, фикру ақидаи худро баён карданд.

Кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ аз дастгириҳои Сарвари давлат, ки дар Паём омада буд, хеле рӯҳбаланд гардида, дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврасро вазифаи асосии худ донистанд.

Дар ноҳия Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи тамоми сокинони ноҳия бо як руҳбаландӣ тамоша карда шуд. Мардуми ноҳияи Спитамен Паёми имсоларо ки фарогири масоили зиндагии мардуманд, хуб пазируфта барои дар амал татбиқ намудан ва ба мардум фаҳмонидани он кушиш ба харҷ хоҳанд дод.

Aanvullende gegevens