Боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Спитамен

Рӯзи 3 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.

Зимни ин сафар Раиси вилоят аз заминҳои ҶДММ “Спитамен -текстайл” боздид намуда, ба кишти пахта расман оғоз бахшид. Дар тавозуни ин ҷамъият 3544 гектар замин мавҷуд буда, дар 1900 гектари он пахта кишт карда мешавад.  

Дар суҳбат бо кишоварзон Раҷаббой Аҳмадзода аз нақши онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ ёдоварӣ карда, аз онҳо даъват намуд, ки замини корам самаранок истифода бурда шавад.

Сипас, Раиси вилоят аз боғи интенсивӣ, ки ба ширкати “Нексигол” тааллуқ дорад, дидан кард. Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки боғи мазкур дар масоҳати 1 гектар бунёд гардида, дар он 4 намуди себ, 2 намуди нок, 2 намуди шафтолу, 1 намуди олу ва 2 намуди биҳӣ бо истифода аз таҷрибаҳои муосир ва обёрии қатрагӣ парвариш карда мешавад.

Раиси вилоят ҳамзамон бо фаъолияти мағозаи “Меъроҷ”, ки барои кишоварзон тухмиҳои хушсифатро пешниҳод менамояд, шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти босамари ин мағоза изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки тухмиҳои наву серҳосил ва мутобиқ ба иқлими минтақа бояд ҳарчӣ бештар ворид ва дастраси кишоварзони тоҷик гардонида шавад. Зеро тухмии босифат гарави фаровонҳосилӣ маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Aanvullende gegevens