Гусели наваскарон ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар як ҷавони бонангу номус буда, ҳар як ҷавонмард бояд дар ҳимояи марзу буми кишвари азизамон Тоҷикистон аз сидқи дил хизмат намояд.

Дар комисариати ҳарбии ноҳия ҳамаи даъватшавандагон аз ташхиси тибби гузаштанд, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони комисариати ҳарбии ноҳия табибони ҳамаи соҳаҳо ва раиси комиссияи даъвати ҳарби иштирок намуда ҷавононе, ки қобилияти хизмат доранд тайёр карда шуд.

Вобаста ба ин дар хиёбони «Спитамен»-и маркази ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва волидайни наваскарон ширкат намуданд. Комисари ҳарбии ноҳия подполковник Абдуллозода Расулҷон оид ба гусели даъватшавандагон ба раиси ноҳия гузориш дод.

Нахуст Раиси ноҳия даъватшавандагонро ба ин муносибат шодбош гуфта, қайд намуд, ки сарбози тоҷик – ҳимоятгари Ватан-модар ҳамеша бо эҳсоси волои ватандӯстию ватанпарастӣ ва муҳаббати бепоён ба диёр, ки дар он таваллуд шуда, барояш хеле азизу пурқиммат аст, фарқ мекунад ва ибораи «Ватан – модар» дар қалби ҳар як сарбози тоҷик эҳсоси баланди фарзандиро бедор менамояд.

Раиси ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки наваскарони ноҳияи Спитамен қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар ҳифзи марзу бум ва осоиши мардуми кишварамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Ин аст, ки давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии қисмҳои низомиро таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор додааст.

Иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори меҳнат Абдусамадов Абдусаттор, модари рузгордида Юсупова Башорат, духтари ҷавон Раҳмонова Нигора, даъватшаванда аз Ҷамоати шаҳраки Навкат Шаҳзод Мирхолиқов ба сухан баромада ҷавононро ба мардонагию далерӣ ва ҳифзи Ватан-модар даъват намуданд.

Дар охир сархатиби ноҳия Баҳодур Исмоилов баромада ба даъватшавандагон дуо дода, шукронаи истиқлолят ва ин даврон намуда, ба даъватшавандагон дар адои хизмат орзуҳои нек талабиданд. Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаҳои консерти пешкаши даъватшавандагон гардонида шуд, ки онҳо бо рақсу бозӣ ва хурсанди 100 нафар ба хизмат гуселонида шуданд. Баъд дар асоси расму оинҳои қадима модарон ба фарзандони худ нон газонида онҳоро буса карда бо дуоҳои нек хайрухуш намуданд.

Aanvullende gegevens