Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Спитамен

10 июли соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен  Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар ин рӯз 33 нафар сокинони ноҳияи Спитамен бо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла гирифтани сертификати замин, таъмири роҳ, бунёди мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишӣ, таъмин шудан бо оби полезӣ ва дарёфти кӯмакҳои моддӣ ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд. Раиси вилоят ҳар як муроҷиати сокинонро баррасӣ намуда, ба масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Спитамен ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки Рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо баргузор карда мешавад.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо як гурӯҳ собиқадорони меҳнат мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Ҳангоми суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии собиқадорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва ба хизмати бисёрсола ва софдилонаи собиқадарони меҳнат ҳамеша арҷ гузошта мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Aanvullende gegevens