Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен, ки рӯзи 10 июл сурат гирифт, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” шинос гардид.

Бояд зикр кард, ки сохтмони  корхонаи саноатии  “Норд Азия Металл”  соли  2014  оғоз  гардида, барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн. сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн. сомонии онро  арзиши  таҷҳизоту технологияҳои  корхона ташкил медиҳад. Корхонаи мазкур соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда, иқтидори солонааш  60 ҳазор тонна металл мебошад.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” самти фаъолияти худро дар оянда васеъ хоҳад кард. Ҳоло дар корхона бунёди хати дуюми истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корҳо оғоз гардидааст. Раиси вилоят

зимни суҳбат бо масъулини корхона бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ташаббуси ҷомеаи меҳнатии корхонаи «Норд Азия Металл»-ро дар хусуси ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ хуш истиқбол намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” дар соли 2017 ба маблағи 100 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоташро ба кишварҳои ҳамсоя содирот намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Aanvullende gegevens