Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Баландқӯрғон”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен

10 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен бо нашъунамои пахта ва ҷараёни кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Баландқӯрғон” аз наздик шинос гардид.

Тавре ҳангоми боздид иттилоъ дода шуд, деҳқонони хоҷагии деҳқонии “Баландқӯрғон”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол картошкаи барвақтии хешро алаккай пурра ҷамъоварӣ намуда, ба ҷойи он зироатҳои дигари кишоварзӣ кишт намуда истодаанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо нашъунамои пахта ва ҷараёни кишти такрории зироатҳо аз растаи маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи кишоварзони ноҳия боздид намуда, бо деҳқонони соҳибтаҷриба ва пирони рӯзгордида суҳбати самимӣ анҷом дод. Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳия бояд бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Aanvullende gegevens