Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен баргузор гардид

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ва бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи ХV-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аз 35 нафар вакилон 33 нафар ширкат намуда, ду нафар вакил бо сабабҳои узрнок дар кори иҷлосия иштирок карда натавонистанд.

Баъди интихоб шудани ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия нахуст рафти иҷрои рафти иҷрои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур вакил аз ҳавзаи интихоботии “Куруш” №29, муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки ҷиҳати мусоидат ба пешрафт ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ, инчунин фарҳанги миллӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, таҳти №80 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 майи соли 2018, таҳти №192 “Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар вилояти Суғд”, қарори дахлдори Раиси ноҳияи Спитамен аз 7 июни соли 2018, таҳти №470 ба имзо расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Спитамен барои солҳои 2018-2020” иборат аз 5 боб ва 26 банд тасдиқ гардидааст.

Таъкид шуд, ки ноҳияи Спитамен аз қадим дар шоҳроҳи «Абрешим» қарор дошта, соҳиби таърихи куҳан мебошад. Ёдгориҳои таърихии ноҳия ҳанӯз солҳои 50-уми асри 20 аз тарафи олимон омӯхта шуда, мавриди кофтуковҳои археологӣ қарор доштанд, ки ёдгории таърихии «Қалъаи Ширин» ва «Сафедтеппа» аз ҷумлаи онҳоянд.

Ғайр аз ин, дар ноҳия ёдгории таърихии «Лангар-Ато» мавҷуд аст, ки мансуб ба асри 15 буда, имрӯз чун зиёратгоҳ дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шудааст ва соли ҷорӣ аз зиёратгоҳи мазкур зиёда аз 11 ҳазор нафар сайёҳон боздид намуданд, ки аз ин шумора 2 ҳазор нафар сайёҳон аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошанд.

Барои муаррифии таърихӣ ноҳия бошад дар ноҳия осорхонаи «Курушкада» фаъолият менамояд, ки дорои зиёда аз 1790 экспонат ва ашёҳои нодир мебошад.

То 1 сентябри соли 2018 ба осорхонаи мазкур зиёда аз 5 ҳазор нафар томошобинон, аз осору экспонатҳои осорхона дидан намуданд.

Бо мақсади иҷрои банди 2-юми боби 2-и нақшаи чорабинии «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» аз тарафи бахши фарҳанг дар ҳамкорӣ бо бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия харитаи сайёҳии ноҳия таҳия гардид ва аз тарафи Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Сарбанд, Тағояк ва Куруш бо ишораҳои сарироҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар даромадгоҳҳои ҷамоатҳои зикргардида ва сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд ва Ҷамоати деҳоти Куруш мавҷуд мебошанд, насб карда шуд.

Баъдан вакил аз ҳавзаи интихоботии “Аҳамади Дониш” №25, раиси Ҷамоати деҳоти Куруш Умаров Мухтор ва мудири бахши фарҳанги ноҳия Саидов Темур ба музокира баромада, оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия рафти иҷрои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» таҳлил намуда, таъкид намуд, ки ҳарчанд қисме аз бандҳои он иҷро шудаанд, бо вуҷуди ин зарур шуморида мешавад, ки корҳо барои рушди сайёҳӣ дар ноҳия, ободу зебо намудани ёдгориҳои таърихӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, боз ҳам бештар намудани ярмаркаҳои сайёҳӣ, хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо, таъсиси гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои беҳтар намудани инфросохторӣ сайёҳӣ, омода ва нашр намудани маводҳои таблиғотӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия тақвият дода шаванд.

Баъдан аз рӯйи рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва вакил аз ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №9, Дадабоева Азиза оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида шуда, вакилони ҳамчунин қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуданд.

Дар охири иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ баромад намуда, ҷиҳати вусъати корҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият, махсусан рушди сайёҳӣ ва тақвияти корҳо оид ба ҷалби сайёҳони дохилӣ тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

 

Aanvullende gegevens