Машварати кории назди Раиси ноҳияи Спитамен

Субҳи имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо иштироки муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи идораи замин, кишоварзӣ, андоз, молия, омор, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, шабакаҳои барқ ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси ноҳия оид ба супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро, ки зимни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, санаи 26 сентябри соли ҷорӣ баён шуда буданд, ба самъи ҳозирин расонида, вобаста ба самаранок ва оқилона истифода бурдани қитаъҳои замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, истифодаи мақсадноки чарогоҳҳо, бештар намудани ҳосилнокии гармхонаҳо, истифодаи самараноки сардхонаҳо, ҷоннок намудани фаъолияти ҳавзҳои моҳӣ, беталаф ва саривақт ҷамъоварӣ намудани пахта, мусоидат ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо ва бартараф намудани бақияпулиҳои андоз, омодагӣ ба гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷараёни машварати корӣ ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони гуруҳҳои корӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба ҷараёни корҳои омодагӣ ва ба истифода супоридани иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, вобаста ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ низ масъулин вазифадор карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens