Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон мулоқот намуданд

 

Санаи 29 сентябри соли ҷорӣ тибқи ҷадвали аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ шуда, дар ҳавазаҳои интихоботии «Нов» №54, «Сарбанд» №55 ва «Куруш» №56 мулоқоти навбатии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон баргузор карда шуд.

Аз ҷумла, Раиси ноҳияи Спитамен, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Сарбанд» №55 Сулаймонзода Акрам Раҳим дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо интихобкунандагон мулоқоти озоду ошкоро доир намуда, оид ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ва бобати корҳои иҷрошуда вобаста ба амалӣ намудани қарорҳои мазкур ба интихобкунандагон ҳисобот дод.

Зимни маърӯзаи худ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Сарбанд» №55 Сулаймонзода Акрам Раҳим таъкид намуд, ки сокинони ноҳияи Спитамен иқдомҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

Ин аст, ки илова ба нақша-чорабиниҳои қабулгардида, боз нақшаи чорабиниҳои иловагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, ки он аз 120 банд иборат мебошад ва то таҷлили ҷашни мазкур дар ҳудуди ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор додани қариб 300 иншооти нав дар назар дошта шудааст.

Сипас интихобкунандагон, сокини Ҷамоати деҳоти Истиқлол Маҷнунова Каромат, собиқадори меҳнат Маматшехов Пулодшех ва соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷабборов Фурқат ва дигарон баромад намуда, барои ташкил мулоқот миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки барои ободу зебо намудани деҳаи худ саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Баъди анҷоми мулоқот Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Сарбанд» №55 Сулаймонзода Акрам Раҳим аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагии МТМУ №9, ки бунёди он бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия оғоз гардида буд, шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ва то охири охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Чунин мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон дар толори Ҷамоати шаҳраки Навкат ноҳия аз ҷониби вакил аз ҳавзаи интихоботии «Нов» №54 Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ва вакил аз ҳавзаи интихоботии «Куруш» №56 Шарифзода Фирдавс дар толори ҶСК КАС «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти Куруш дар сатҳи баландӣ ташкилӣ баргузор шуда, интихобкунандагон дар баробари арзи сипос ба вакилон оид ба масъалаҳое, ки ба ҳалли онҳо мусоидати вакилон зарур аст, ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд муроҷиат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens