Бори аввал дар таърихи ноҳия нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон дар рӯзи аввал ба пуррагӣ таъмин гардид

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии «Чашма»-и ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим маъракаи гусел ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он як гуруҳи калони ихтиёриён ба сафи Артиши миллии кишвар гусел карда шуданд.

Зимни суханронии Раиси ноҳия таъкид намуд, ки гусели тантанавии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ихтиёран барои хизмат ба Ватан омода шудаанд, бори аввал дар таърихи ноҳия дар варзишгоҳи марказии «Чашма» баргузор мешавад, ки аз шукуҳу шаҳомати он гувоҳӣ медиҳад.

Зикр шуд, ки соли ҷорӣ нахустин маротиба дар таърихи ноҳияи Спитамен дар рӯзи аввали гусели ҷавонон ба Артиши миллӣ нақшаи муайяншуда ба пуррагӣ иҷро гардида, имрӯз зиёда аз 165 нафар ҷавонон барои ҳифзу ҳимояи Ватан сафарбар карда мешаванд.

Сипас комиссари ҳарбии ноҳия подполковник Абдушаҳид Ниёззода, даъватшаванда Хоҷаев Мардон, духтари фаъол Ашӯралиева Нилуфар, модари даъватшаванда Шерматова Матлуба ба сухан барома, таъкид доштанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо сохторҳои дахлдор ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон рӯз аз рӯз баланд гардида, онҳо дар озмунҳои фаннӣ, мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегарданд ва имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар сафарбар шудани ҷавонон натиҷаи корбарии мунтазам аст.

Дар баробари ин изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарони ноҳияи Спитамен қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ иҷро

намуда, дар ҳифзи марзу бум ва осоиши мардуми кишварамон саҳми арзанда мегиранд ва дар роҳи хизмат ба Ватан беҳтарин анъанаҳои падарону бобоёнамонро идома бахшида, ин вазифаи муқаддасро бо сарбаландӣ иҷро намуда, баъди адои хизмат бо рӯи сурху қомати баланд ба меҳанти пурсуботи шаҳрвандӣ ба назди азизони худ бармегарданд.

Баъдан чорабинии ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ва бахши фарҳанги ноҳия омода гардида буд, пешкаши ҳозирон гардонида шуд.

Маросими нонгазонии модарони сарбозони оянда ба фарзандонашон ва тақдими туҳфаҳо низ бисёр ҷолиби диққат буд.

Баъди тановули хӯроки миллии оши палав дар сари дастурхони идона бо дуои пирони кор ҷавонон бо корвони мошинҳо ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens