Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон

Дар Қасри фарҳанги ноҳия бо ширкати доираи васеъи омӯзгорон, рӯзноманигорон, аҳли илму адаб, роҳбарони ташкилоту идораҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Суғд Дилрабо Сатторова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ноҳия зимни суханронии худ қайд намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам мебошад. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо ин забон гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт намудааст.

Таъкид гардид, ки давлати ҷавони тоҷик таҳти сиёсати хи-радмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш барои рушду нумӯи забони миллии тоҷикӣ аҳамияти хоса зоҳир намуд.

Аз соли 2009 рӯзи 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шудааст ва ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил мешавад.

Дар идомаи суханронии худ Раиси ноҳия таъкид дошт, ки ҷашни имсолаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое рост омад, ки мардуми сарбаланди кишвар дар арафаи истиқболи Рӯзи омӯзгорон – иди касбии устодони арҷманд қарор дорад.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи омӯзгорон дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба омӯзгор, муаллим ва илму маориф, донишу маърифат арзёбӣ гардид.

Дар баробари табрики омӯзгорон, изҳори итминон карда шуд, ки муаллимон дар оянда низ баҳри таълиму тарбияи насли наврас тамоми маҳорату малакаи хешро масраф намуда, барои ба воя расонидани ворисони созандаи Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирон расонид.

Баъдан ба гуруҳ омузгорони фаъол ва онҳое, ки дар тарғибу ташвиқи Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳми муносиб гузоштаанд сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Дар охири чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens