Мулоқоти роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия, ки дар мақомоти давлатии сатҳи вилоят фаъолият доранд

Субҳи имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ҳамроҳи муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо сокинони ноҳия, ки дар мақомоти давлатии сатҳи вилоят фаъолият доранд, мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин амалӣ намудани супоришҳи протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, таҳти №5 ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти дадвлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як деҳу маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла бунёди марказҳои саломатӣ, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дузандагӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ, корхонаҳои саноатӣ, таъмиру тармими роҳҳо, гулу гулкорӣ бо ҷалби тамоми имкониятьои мавҷуда, аз ҷумла имкониятҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша бояд анҷом дода шаванд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории мулоқоти имрӯза низ боз ҳам вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саховатманд мебошад.

Дар навбати худ бо сокинони ноҳия, ки дар мақомоти давлатии сатҳи вилоят фаъолият доранд ваъда доданд, ки барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар намуда, дар ободу зебо намудани ноҳия саҳми муносиби худро мегузоранд.

Ёдрас мешавем, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП-1059 аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ муайян гардидаанд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди зиёда аз 300 иншооти мухталиф дар назар дошта шуда, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Маҳтоб”, бинои маъмурии ҶДММ “Гули Сурх Континент”, комплекси меҳмонхона ва хизматрасонии маишии “Судайс” бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом, маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Райҳона”, ду толори варзишии замонавӣ ва майдончаи варзишии бачагона дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол, пули мошингузар дар деҳаи Куркати Ҷамоати деҳоти Куруш, бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия, бинои хизматрасонии Маркази тиббии дандонпизишкӣ ва хуҷраҳои гиёҳдармонӣ, хонаи муолиҷа, хонаи безараргардонӣ, хонаи ортопедӣ, хуҷраи хатна, ошхонаи замонавии «Дӯстӣ» дар Ҷамоати деҳоти Тағояк, чойхонаи «Ҳоҷӣ Норбек» дар Ҷамоати деҳоти Куруш ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2,5 км роҳи автомобилгарди шаҳраки Навкат ва деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев ба анҷом расонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens