ЭЪЛОНИ ОЗМУН ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар асоси қарори раиси ноҳияи Спитамен аз санаи 20.12.2018, таҳти №931 “Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи раиси ноҳия, сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен” озмун эълон менамояд:

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 936 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳия

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ ;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори Раёсатро ба танзим медароранд;

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1539 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 936 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои

мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Спитамен

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 768 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 936 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев, Сарбанд ва Хуррамзамин (се воҳиди корӣ)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷамоатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 894 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Муҳандис – заминсози Ҷамоати шаҳраки Навкат ва Ҷамоати деҳоти Куруш (ду воҳиди корӣ)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муҳандис - заминсози Ҷамоатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 894 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбари андози Ҷамоатҳои шаҳраку

деҳоти Навкат ва Истиқлол (ду воҳиди корӣ)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ ;

-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Ҷамоатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 732 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ)-и Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Сарбанд (ду воҳиди корӣ)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ ;

-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 732 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассиси (мизи ҳарбӣ)-и Ҷамоатҳои деҳоти

Т.Ӯлҷабоев ва Тағояк (ду воҳиди корӣ)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси мизи ҳарбии Ҷамоатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 600 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Мутахассисони омори Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев

ва Истиқлол (ду воҳиди корӣ)

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси мизи ҳарбии Ҷамоатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 600 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Спитамен;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроғаи қабули   ҳуҷҷатҳо:

ноҳияи Спитамен, кӯчаи Спитамен №3, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен, ошёнаи 1, утоқи №2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон (83441) 2-26-83, факс 2-26-84, суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз санаи 26 декабри соли 2018 то 17 январи соли 2019.

Aanvullende gegevens