Осорхонаи “Курушкада”-и ноҳияи Спитамен – маскани сайёҳӣ

Солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Моҳи марти соли равон ҷиҳати омодагӣ барои кӯчидан ба бинои нави осорхона, ки бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуда истодааст, кормандони осорхона барои ғанӣ гардонидани толорҳои намоишии он бо таърихи ноҳия, фаъолияти корхонаю ташкилотҳо , табиат, дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ғайраҳо маълумотҳову нигораҳои таърихӣ ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шуданд.

Инчунин, бо супориши   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим 68 адад нигораҳо ва бозёфтҳои археологӣ аз осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхона дастрас карда шуда, дар толори “Таърихи ноҳия дар замонҳои қадим” ба намоиш гузошта шудааст.

Аз ҷониби сокинони ноҳия зиёда аз 30 адад ашёву нигораҳои гуногуни таърихӣ ба осорхона туҳфа гардид.

Дар даромадгоҳи осорхона нимпайкараи қаҳрамони миллии халқи тоҷик Спитамен гузошта шуда, суханҳои Пешвои миллат оиди таъриху тамаддун насб гардидааст.

Дар толори табиат бошад, панорамаҳои ёдгории таърихии Сафедтеппа дар ҳамбастагӣ бо дарёи Сир, Қалъаи Ширин ва Каллахона тасвир карда шуда, дар бораи олами ҳайвонот ва набототи ноҳия маълумотҳо ҷой дода шудаанд. Инчунин, дар гӯшаи табиат намудҳои моҳиҳо, ҳашаротҳо ба   намоиш гузошта шудаааст.

Дар толори намоишии “Таърихи ноҳия аз замонҳои қадим то даврони Истиқлолият” нимпайкараи Куруши Кабир насб гардида, дар бораи татқиқотчиёне, ки дар мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ширин, Сафедтеппа, Каллахонаи ноҳия корҳои археологӣ бурдаанд, маълумотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин толор зарфҳои сафолину гилини асрҳои I, III, IV, VI, ХIХ, ХХ ва кӯзаву хумҳо, ки дар рӯзгори мардум истифода мешуданд, ба намоиш гузошта шуда,оиди шахсони барӯманди ноҳия Ф.Холиқов, А.Каримов. Б.Аҳмадалиев, Т.ӯлҷабоев, Кенҷа Соҳиб, Қ.Акмолов ва дигарон дар гӯшаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар солҳои 1946-1991 маълумотҳо гузошта шудааст. Инчунин, дар осорхона дар бораи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаҳои фарҳанг, маориф, саноат ва сохтмон, кишоварзӣ, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гӯшаҳои алоҳида ташкил карда шудаанд.        

Санаи 1 апрели соли 2019 маросими ба истифода дода шудани бинои нави осорхона бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки ин иқдом дастоварди бузурги соҳаи фарҳанг бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз рӯзе ки осорхона дар бинои нав фаъолитяи худро оғоз намуд, то имрӯз зиёда аз ҳазору сесад нафар хонандагон ва шаҳрвандон аз осорхона дидан намуданд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд аст.

Раҳимҷон Шарипов,
директори осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии
“Курушкада”-и ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens