Фестивал-озмуни «Сад ранги чакан ва адрас»

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен бахшида ба 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ фестивал –озмун таҳти унвони «Сад ранги Чакан ва адрас» гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чунин озмун баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва хонандагон, дарёфт намудани омӯзгорону хонандагони эҷодклру навовар доир ба «Солҳои 2019-2021 солҳои рушғди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буда, баҳри тарғиб намудани анъанаҳои либосҳои миллӣ ҷиҳати тарғиб ва омузиши нақши чаканадӯзӣ дар рушди фарҳанги милли ки чакани тоҷик ба феҳрести мероси фарҳанги ғайримоддии Юнеско ворид гардидааст мусоидат хоҳад кард.

Дар озмун мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Ахмедова Махфират Акрамовна, Мавлудахон Рӯзиева –корманди донишкадаи такмили ихтисос, бозомӯзии кормандони маорифи вилояти Суғд, ишти рок намуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши либосҳои миллӣ ва намунаҳои корҳои эҷодии омӯзгорону хонандагон намунаҳои дастии ҳунармандон ба намоиш гузота шуда буд. Ровиён чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо шартҳои озмун шинос карданд.

Озмун дар 6 бахш бахши аввал намунаи расми беҳтарини чакан, бахши дуюм, санъати тасвирӣ, намоиши корҳои расмкашӣ, бахши сеюм технология, намомши корҳои чаканадӯзӣ, бахши чорум намоиши либосҳои чакан, бахши панҷум намоиши либосҳои адрас, бахши шашум намунаи корҳои расмкашӣ гузаронида шуд. Иштирокчиён аз руи шартҳои озмун баромад намуда, маҳорати худро нишон дода, доир ба таърихи чакану адрас маълумот доданд. Аз тарафи ҳайати ҳакамон ба иштирокчиёни озмун баҳо дода шуд.

Дар охир ба ғолибони озмун диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Aanvullende gegevens