Баргузории дарси Ваҳдат

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилоят, раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санаи 31май дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Дарси Ваҳдат гузаронида шуд.

Чунин дарс дар муасисаи таълимии ғайридавлатии барои хонандагони болаёқат доир гардид. Дар синф намоиши китобу айёниятҳо доир ба Ваҳдат гузошта шуда буд. Омӯзгори фанни таърих Уктамов Ҳамзаалӣ бо хонандагони синфи 11 дарси сулҳ гузаронид. Дарс бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Омӯзгор дар бораи таърихи ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва дар бораи он ҳодисаю воқеаҳое, ки дар он солҳо дар Тоҷикистон рӯй дода буд, маълумот дода ба хонандагон моҳияти ин санади тақдирсорзи ммллатро фаҳмонида дар бораи кушишу ҳаракатҳои Сарвари давлат дар роҳи ба даст овардани тинҷию амонӣ ба Ватан баргардонидани гурезагон ва оштии милли истода гузашт.

Хонандагон низ дар бораи ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон маълумот дода дар васфи Ватан, Ваҳдат аз ашъори шоирон шеърҳо қироат намуданд. Дар синфҳои ибтидоии ин муассиса низ дарси Ваҳдат гузаронида шуд, ки хонандагона аз рӯи айёниятҳо бахшида ба Ваҳдат маълумот дода, шеърҳо қироат карданд. Дар ин муассиса бо ду забон забони русӣ ва тоҷикӣ дар 23 синф дарси Ваҳдат гузаронида шуд, ки 299 хонанда иштирок намуд. Дар литсейи №1-и ноҳия низ дарси Ваҳдат гузаронида шуд, ки хонандагон видеороликро доир ба баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Дар синф ҳамаи навиштаҷотҳо, китобҳо доир ба Ваҳдат ба намоиш гузошта шуда буд, ки хонандагон аз ин айёниятҳо истифода бурда баромад мекарданд ва дар бораи таърихи ин санади тақдирсоз маълумот медоданд. Хонандагон баромад намуда дар васфи Ваҳдат шеърҳо қироат карда, шукронаи сулҳу Ваҳдати миллӣ намуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро баён карданд.

Чунин дарсҳо дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гузаронида шуд.

Aanvullende gegevens