Сазовори ҷойи 2-юм

Бо мақсади тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти ҳунармандони чирадаст, бахшида ба солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ноҳия тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мешаванд.

4 июни соли ҷорӣ, ғолибони ноҳиявии озмуни “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ”, кандакор Суҳроб Ҷӯраев, аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол, гаҷкорон Юсуф Ҳомидхонов, аз Ҷамоати деҳоти Тағояк, Хайрулло Акрамов, аз Ҷамоати деҳоти Куруш дар озмуни вилоятӣ иштирок карданд.

Аз байни онҳо гаҷкор Юсуфхон Ҳомидхонов, ба гирифтани ҷойи 2-юм ва 2000 сомонӣ мукофотпулии раиси вилоят шарафёб гардид.

Дар арафаи чопи мақола ба мо иттилоъ доданд, ки гаҷкор Юсуфхон Ҳомидхонов дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуда, сазовори ҷойи 2-юм ва диплом гардидааст.

М. АХМЕДОВА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия

Aanvullende gegevens