Пахта шона мебандад

Соли деҳқонии ҷорӣ пахтакорони ноҳия дар майдони 6228 гектар пунбадона кишт кардаанд.

Бо вуҷуди он ки обу ҳавои имсола борҳо номусоид омада, боронҳои шадид ва ҷола борид, ба кишт ва нашъунамои муътадили пахта зарар расонд, тадбирҳои агротехникии пахта мувофиқ ба меъёр пеш бурда мешаванд.

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия то дирӯз 490 гектар пахта 1-2 барга, 915 гектар 3-4 барга, 2726 гектар 5-6 барга шуда, 1752 гектар шона баста, 5878 гектар аз ягона баромадааст.

Тадбирҳои дигари агротехникӣ, чун нармкунии бехи ниҳолҳо бо каланд ва техника, озуқадиҳӣ, оби нашъунамои пахта аз рӯйи маслиҳати мутахассисон роҳандозӣ меёбад.

Aanvullende gegevens