Ҷамъбаст: озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”

Шаҳина — соҳиби “Шоҳҷоиза”-и озмун

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳамаи шаҳрвандони ноҳия тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми феврали соли 2019 таҳти № АП-1165 ва қарори раиси ноҳия аз 7-уми июни соли 2019 таҳти рақами № 505 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» рӯзи 16-уми июли соли 2019 ҷамъбаст гардид.

Дар озмун аз ноҳия 47 нафар довталабоне, ки дар даври аввал ғолиб омада, ба даври ноҳиявӣ тавсия шуда буданд, иштирок карданд.

Озмуни даври ноҳиявӣ дар толори хониши Китобхонаи марказии ноҳия гузаронида шуд. Озмун таҳти раёсати раиси ҳайати ҳакамон, муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, аъзоёни ҳайати ҳакамон ва намояндагон аз маркази осори илмии К. Хуҷандии вилоят гузашт.

Дар озмун довталабон аз рӯйи чор номинатсия: аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик; аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик; аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик; аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон қувваозмойӣ карданд.

Маълум шуд, ки ба озмун бештар хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта, шавқмандии онҳо ба китоб ва мутолиаи китоб эҳсос мегардад. Дар ин баробар, иштироки довталабони калонсол низ ҳакамонро шод кард. Аз ҷумла, омӯзгори собиқадор Муаззама Шафиева, аз литсейи № 1, Саломат Фаттоева, омӯзгор аз МТМУ № 3, Фарҳод Ёрмаҳмадов, корманди Гумруки ноҳия дар ин озмун довталабони синну соли калон буданд. Муаззама Шафиева бо аз ёд хондани осори адибони муосир ва классики тоҷик моро шод карда бошад, Фарҳод Ёрмаҳмадов бо аз ёд хондани осори насрии классикон табъи ҳайати хакамонро болида кард. Дар байни иштирокчиёни муассисаҳои таълимӣ довталабон Суғдиёна Фаттоева, хонандаи МТМУ № 3, Дилнавоз Бектӯраева, хонандаи литсейи № 1, Шаҳина Қӯрчиева, хонандаи МТМУ № 7, Нозима Юлдошева, хонандаи МТМУ № 11, Хушбахти Ёқубзод, хонандаи МТМУ № 28, Нодира Мирашӯрова, хонандаи МТМУ № 19, Шабона Ахмедова, хонандаи МТМУ № 14 ва чанде дигар дар иҷрои шартҳо нисбат ба дигар иштирокчиёни озмун бартарияти худро нишон доданд.

Дар ҷамъбасти озмун ҳайати ҳакамон бо як овоз ба хонандаи МТМУ №7, аз Ҷамоати деҳоти Тағояк, Шаҳина Қӯрчиева 10 холро муносиб дониста, ӯро барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмун эълон карданд.

Рӯзи 19 июл дар Китобхонаи марказии ноҳия ғолибони даври ноҳиявии озмун, ки ҷойҳои 1-2-3 ва «Шоҳҷоиза»-ро соҳиб гашта буданд, мукофотҳои пулӣ ва Дипломҳои МИМҲД аз тарафи муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ супорида шуданд.

Aanvullende gegevens