Ҳар пораи Тоҷикистон - Ватани мост!

Тоҷикистон куҳу-дара, дарё ва манзараҳои зебо ва боду ҳавои тоза, ҷойҳои зебое дорад, ки мо тоҷикистониён аз ин диёри биҳиштосо фахр мекунем ва баҳри шукуфоии он кушиш ба харҷ медиҳем.

Чуноне, ки тариқи васоити ахбори омма маълумот доданд, фаҳмидем, ки дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки Ворух яке аз манзараҳои зебои шаҳри Исфара ва як қисми Тоҷикистони азиз мебошад, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ки дар он ҷо сокинони ду миллат - қирғизу тоҷик зиндагӣ мекунанд, байни сокинони ин ду маҳал нотинҷӣ ба вуқуъ пайваст.

Бояд қайд намуд, ки мардуми ин минтақа аз қадимулайём қирғизу тоҷик байни ҳамдигар равобити дӯстӣ доштанд. Ҷумхурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад буда, имрӯз низ дар даврони Истиқлолияти давлати бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамаи соҳаҳо равобити дӯстию ҳамкорӣ дорад.

Вале тибқи хабарҳои расонаҳо санаи 22 июли соли 2019 дар ҷараёни омодагиҳо ба мулоқоти Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст, ки мо - маорифчиёни ноҳияро бетараф нахоҳад монд. Мо маорифчиёни ноҳия боварии комил дорем, ки дар рӯзҳои наздик тариқи гуфтушунид ва бо роҳи сулҳу салоҳ моҷарои мазкур ҳалли худро меёбад. Дӯстии сокинони ин минтақа абадӣ боқӣ мемонад.

Маорифчиёни ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens