Хушнудии мо сокинони ноҳияи Спитамен ҳадду канор надорад!

Сиёсати пешгирифтаи Сарвари созандаи мардум, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки 27 сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад.

Санаи 26 июли соли равон Пешвои маҳбуби миллат дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон бо ҳамтои худ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва фаъолону собиқадорони ҳар ду кишвар мулоқоти самими анҷом доданд, ки бори дигар аз он собит сохт, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар роҳи таъмини сулҳу субот дар кишвар ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба тамоми кишварҳои дунё муносибати дӯстона дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

Мо мардуми ноҳияи Спитамен аз чунин як вохӯрии самими хеле хушнуд гардида, бовар ба он дорем, ки ин дӯстиву рафоқат абадан боқӣ мемонад!

Aanvullende gegevens