Ҳизби назҳати ислом ба ивази маблағ ба давлату миллати худ хиёнат мекунад

Дар таърихи инсоният неруҳои некию бадӣ ҳамеша бо ҳам дар ситез буданд ва ба андешаи ман ин ситеза то ҷаҳон боқист хоҳад монд. Аммо як чиз мусаллам аст: некӣ дар ҳама давру замон бар бадӣ зафар ёфта, дар охир қувваҳои бадхоҳ ба доми фано рафтаанд.

Инсоният алъон дар як муҳите, як ҷаҳони хосатон ҷадиди пешрафтае зист дорад, ки бесобиқа маънидод кардан, муҳобот нахоҳад буд.

Ҳанӯз асри гузашта чун имрӯз воситаҳои иттилоотӣ ва техникӣ ба авҷи аъло нарасида, ҷомеа аз аҳволи қитъаи дури олам хабаре надошту хабаре намегирифт. Ҳоло бошад чӣ? Ҳоло барояш ҳамаи имкониятҳо фароҳаманд. Хурдтарин иттилоъ худи ҳамон лаҳза тариқи сомонаҳои техникӣ ба дуртарин макони зисти одамон роҳ меёбад. Ҳарчанд ки замон пешрафтаю иттилоъ бештар ҷаҳонро фарогир аст, ҳамон андоза ҷаҳон ноорому зиндагии одамон дар баъзе манотиқ даҳшатафзо гашта, ба сари хонадонҳои тинҷу осоишта борони тиру таркишҳо рехта, зану фарзандони бегуноҳро оӯӯштаи хуну мардумро хонабадару рӯ ба марзи бегона овардан маҷбур кардааст.

Ин хатарҳоро бар сари инсоният ана ҳамин неруҳои аҳриманӣ, ки дар истилоҳ террористу экстремист мегӯянд, оварда истодаанд. Ин гурӯҳҳо сафҳои худро дар давлатҳои ҷангзада аз шумули ҷавонони содаву ноогоҳ ва фиребхӯрда, аз ҳар давлат пурра намуда, бо рабудани ҷони онҳо ҷони боз даҳҳо одамони бегуноҳро низ мерабоянд.

Муттаасифона аз кишвари мо низ ин гуна қувваҳои аҳриманӣ дар хориҷи кишвар ҳастанду «кору фаъолият» доранд ва барои ин кори зишташон, ки фарсахҳо аз роҳи инсонгарӣ дур аст, шикам сер мекунанду аз хоҷагони худ маблағи ҳаром мегиранд.

Боиси ифтихор ва сарбаландии мо мардуми ноҳияи Спитамен аст, ки таи чанд соли охир дар ҳудуди кишварамон, ноҳия ва хосатан дар деҳаҳои Ҷамоатҳои ноҳия роҳҳо обод, марказҳои нави хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, клубу қасрҳои фарҳанг, боғчаю маҷмааҳои фароғатӣ ва дигар корхонаҳои хурду азими саноатӣ бунёд гардиданд ва ин амалҳои созандаву бунёдкорона таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръат идома доранд.

Мо бояд аз ин пешравиҳо, сулҳу субот, тинҷиву амонӣ ва рузгори хушу хуррам, ки имрӯз ба мо насиб гардидааст, шукрона намоем. Нагузорем, ки фарзандонамон, хешу ақрабо, пайвандон ва ҳамсоягонамон бо фиреби душманони дохилӣ ва хориҷӣ афтида, обрую эътибори давлатамонро дар арсаи олам бадном намоянд. Мардум бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ (ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ), ташкилоти экстремистӣ- террористӣ буда, фаъолияташ мамнуъ аст ва он солҳои пешин дар ноамнии кишвар даст дошт ва вақтҳои охир аъзоёни он чун рубоҳ дар хориҷи кишвар хоинона амал карда, бар зидди осоиштагии мардуми мо овоз баланд карда истодаанд. Рузе фаро мерасаду ин курнамакон ба як қатра обу як бурда нони ин диёр муҳтоҷ гардида зору ҳайрон мемонанд.

Ҳамагон медонанад, ки аъзоён ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии хоини миллат Кабирии беватан барои ин амалҳои ношоситаи худ, бо гирифтани чанд маблағи ҳаром аз хоҷагони худ, обруву эътибори кишвари биҳиштосои моро паст зада истодаанд. Ин тудаи нокасон ва зархаридони ТЭТ ҲНИ чун саги девона меҷакканду меҷаканд барои он ки аз хоҷагони худ як луқмаи ҳаром гиранду шикамбаҳояшонро пур кунанд.

Пас аз он ки раиси ҳизби ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳо шикасти пурра хӯрда, аз ҷониби мардум заррае ҳам дастгирӣ наёфт, ин бор кӯшиш кард, ки “имиҷи” худро тағйир диҳад. Ӯ ва ҳаммаслаконаш ташкилотеро бо унвони “Паймони миллӣ” дар Аврупо таъсис доданд.... Акнун аъзоёни ин ташкилоти навтаъсис на салладорону ридопӯшон, балки баръакс риштарошидаву костюмпӯшанд. Мардуми мо дар ин бобат мақоли хубе доранд – хар ҳамону полонаш дигар...

Ба наздикӣ Кабирӣ оид ба “фаъолияти” ташкилоти ба ном Паймони миллии Тоҷикистон тариқи шабакаи иҷтимоии фейсбук “ҳисоботи солона” дод. Дар пешорӯйи баромадаш ҳаммаслаконаш кӯшиш намуданд, ки ҳар чӣ бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавли маъруф “реклама” намоянд. Муаллифи ин сатрҳо низ бо ҳамкорон дар назди экрани компютер ҷамъ шудем то бубинем ин навбат Кабирӣ чӣ мехоҳад. Ростӣ аз вақти баръабас баҳадаррафта ва гигабайтҳои зоеъ сарфшуда мутаассиф шудам. Зеро баромади ё худ ба қавли Кабирӣ , “ҳисоботи солонаи созмонаш”, ки дарозои як соату бисту чанд дақиқа тӯл кашид, мазмунаш як шоҳбайти машҳури Мавлоно Балхиро беихтиёр ба хотир меоварад:

Ҳазорон корвон рафтанд дав-дав,

Ҳанӯз ҳам ин сагон доранд ав-ав.

Ба ҳар ҳол чанд нуктае, аз суханпардозиҳои Кабириро хостем ба риштаи таҳлил бикашем. “Ҷаноби” Кабирӣ арз дошт, ки исбот метавон кард, ки паймонаш корҳои зиёдеро анҷом дода, ба нерӯи миллӣ табдил додааст. Чӣ сафсаттае?

Дар хусуси кадом корҳои анҷомдода суханпардозӣ мекунед, Кабирӣ! Магар метавон бо чанд тан аз ашхосе, ки дар атрофи хеш ҷамъ намудаед, нерӯи миллӣ сохт. Охир қариб ҳамаи аъзоёни собиқи ҳизби мамнуъи наҳзат имрӯз дар Тоҷикистони азиз дар фазои осудаву ором зиндагиву фаъолият доданд. Нуктаи дигар. Кабирӣ гуфт, ки гӯё волидайни ҷавонони вохуриро мақомот ба гаравгон гирифтаанд, то он замоне, ки фарзандҳояшон аз Русия биёянду ба сафи артиш шомил шаванд. Хандаи кас меояд аз ин сафсатта...

Чизи дигаре ,ки мехостам мавриди он ибрози назар намоям, ки ҳангоми баромади Кабирӣ аз ҷониби ҳамватанонамон садҳо суолҳои ҷолиб ба тариқи onlain (мустақим) ирсол карда мешуд, вале барандаи сӯҳбат танҳо он суолҳоеро қироат мекард, мувофиқи табъи ҷавобдиҳанда буданд.

Дар хулосаи матлаб ҳаминро гуфтаниам, ки на Кабирӣ ва на дигарон қудрати онро надоранд, ки зиндагии осудаву фазои сулҳи моро бо дасисаҳои хеш заҳролуд созанд.

Ҳама мардуми кишвар ҳадафи ин разилонро медонанд. Медонанд, ки онҳо бо супориши хоҷагони худ ин амалро тарҳрезӣ намуда истодаанд. Барои чунин кирдоршон, барои дар намакдон туф карданашон рузе русиёҳ мешаванд. Аз ҳадафҳои нопоку разилонаи ТЭТ ҲНИ ва дигар “паймончиён” бояд огоҳ бошем ва ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Cобиқадорони
ноҳияи Спитамен

 

 

Aanvullende gegevens