«Экстремизм ва терроризм ба ҳеҷ дин иртибот надорад!»

Дар шароити имрӯза, ки тамоми давлатҳои дунё ба арсаи тараққиёти бемисли таърихӣ дохил гаштаанд, замоне, ки инсонҳои наҷиб бо кашфиётҳои нав ба нави худ ҷаҳонро ба ҳайрат оварда истодаанд, боз чанд муаммоҳои глобалие низ ҷой доранд, ки онҳо барои ҳамаи халқҳову миллатҳои дунё «Доғи рӯз» мебошад. Ин доғҳо- нашъамандиву майпарастӣ, авбошӣ ва дар охир маҳсули ҳамаи ин гуна амалҳои зишт- терроризм мебошад. Терроризм дар рӯзҳои охир ба вабои аср табдил ёфта истодааст ва аз ҳама бадии он дар он аст, ки террористон шиори динро ба худ ниқоб карда гирифтаанд, ки ин боиси сар задани боз як қатор муаммоҳои нав хоҳад шуд.

Ростиро баду бало нарасад,

Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷой нарасад.

Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳмияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ба маротиб зиёд мегардонанд.

Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Тамоюли торафт қувватгирифтаистодаи сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад.

Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намояд ва ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерӯҳои солими башарият хизмат кунад.

Бинобар ин, мо бояд тамоми василаву воситаҳоро истифода кунем, ки эҳтироми ғояву андешаҳои солиму созанда ва таҳаммули фикри якдигар тамоюли асосии дунёи имрӯз гардад.

Вале чунин ба назар мерасад, ки “сиёсати дугона”, шиддати бесобиқаи муборизаи геосиёсӣ, бахусус барои дастёбӣ ба захираҳои ҳаётиву стратегӣ ва таъмини назорат аз болои минтақаҳои муҳимми геостратегӣ падидаи аз ҳама хатарноки солҳои охир мебошад.

Мо чунин мешуморем, ки бо талоши якҷоя ва дастаҷамъона эмин нигоҳ доштани сайёра ва минтақаи мо аз ин офатҳо аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва муҳимтарини давлатҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалист.

Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то ки кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд.

Аз ин рӯ, мо мисли пештара тамоми саъю талоши хешро ба харҷ хоҳем дод, то минтақаи мо қаламрави дӯстиву ҳамкорӣ ва ҳамёриву кӯмаки байниҳамдигарӣ бошад».

Қобили таҳсин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ягона шахсест, ки дини ислом ва мусулмононро аз терроризму экстремизм орӣ ва дифоъ намуда, ин масъаларо аз минбари Созмони милали муттаҳид матраҳ намуданд.

Аз баррасии масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар Паёми Президенти мамлакат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ ҳамагонро ба ташвиш оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишвари мо низ хатар дошта бошад.

Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як мусулмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремист, ки номи поки исломро олуда мекунад, бетараф набошад.

Дар охир Сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, иброз доштанд: «Бовар дорам, ки мо якҷо бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон ҷаҳду талоши бештар намуда, Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ мекунем».

Ҳамаи ин ба шарофати сулҳу суботи мавҷуда насиби мо гаштааст. Аз ин рӯ, мо бояд шукрона намуда, дар татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки дар Паёми Сарвари давлат садо доданд, камари ҳиммат бандем, ҳама чун як тан дар ободонӣ ва пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Aanvullende gegevens