БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ КОРИ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонро хатарҳое фаро гирифтаанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон бо таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мехоҳанд аз буҳрони иқтисодӣ раҳоӣ ёбанд.

Бо мақсади байни худ тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсии худ дар ҳудудҳои давлатҳои алоҳида низоъро ба миён меоваранд. Авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Масъалаи мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар Паёми ҷорӣ ба таври мукаммал аз тарафи Президенти мамлакат чунин ифода гардид. “... мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳимми пешрафт дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад”.

Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрӯз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.

Моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ин ки дар оянда такрори амалҳои нангин пешгирӣ шавад ва душман дигар натавонад сулҳу субот, оромиву амнияти Ватани азизамонро халалдор созад.

Танҳо ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии миллат омили пешрафту тараққиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот ва иғвогарӣ бозмедорад.

Моро ҳам фарз ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор, ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа.

Мирзозафар ШАРИФОВ,
имом-хатиби масҷиди ба номи
Имоми Аъзами деҳаи Янгиободи
Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев

Aanvullende gegevens