Рӯзи ягонаи Ахбор

Дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  санаи 20 октябри  соли равон дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо дар мавзӯи «Конститутсия кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» рӯзи ягонаи Ахбор гузаронида шуд.

Дар асоси нақшаи тасдиқшуда намояндагони гуруҳи тарғиботии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомиддинов Ҷурабек –мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Раҳимов Исломҷон –мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Куруш  бо сокинони касбу корашон гуногун вохӯрӣ намуданд.  

Исомиддинов Ҷ-мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  Рахимов И –мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзӯи «Конститутсия кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баромад карда, дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода қайд карданд, ки Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёри муҳими давлати демократӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он асосҳои ташкил ва ва фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳи интихобот муқаррар карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибихтиёр, ин санади ҳуқуқии , сиёсӣ ва таърихӣ қувваи олии ҳуқуқиро доро аст.  

Иштирокчиён пиромуни ин мавзӯъ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  Рӯзи ягонаи Ахбор дар ноҳия дар  сатҳи баланди сиёсӣ гузаронида шуд.

Чунин вохӯриҳо дар 7 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва 12 ташкилоту идораҳо гузаронида шуд.

Aanvullende gegevens