Семинар машварат

Дар асоси барқияи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.10.2017 таҳти №1/-(2)-757 оид ба «Барҳам додани табъиз нисбати занон ва тавонмандсозии ҷомеа бо хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» дар толори литсейи №1-и ноҳия бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари методӣ – омӯзишӣ бо иштироки аъзоёни раёсат, муовинон ва раисони Шурои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, нозирони минтақавӣ, раисони маҳалла, фаъолзанони ноҳия, имомхатибон, ҷавонон, ҷонишинони директорони муассисаҳои тасҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва мудирони кӯдакистонҳо намояндагони бахши фарҳанг, соҳаи тандурустӣ баргузор гардид.

Семинар машваратро муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ифтитоҳ намуд. Дар ин семинари омӯзишӣ – методӣ Акобирова Ҷавоҳир -сардори шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмиллалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тешабоева Мавлуда - намояндаи маркази ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшинос» дар Тоҷикистон, Қаландаров Саидаҳмад- коршиноси миллӣ оид ба пешгирии экстремизм –терроризм, Сатторзода Суҳроб Иззатулло- ёрдамчии прокурори ноҳия иштирок намуданд.

Ёрдамчии прокурори ноҳия Сатторзода Сӯҳроб ва меҳмонон Акобирова Ҷавоҳир, Тешабоева Мавлуда, Қалландаров Саидаҳмад баромад намуда дар бораи «Барҳам додани табъиз нисбати занон ва тавонмандсозии

ҷомеа бо хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон», фаъолгардонии нақши занон, тарбия намудани ҷавонон ва пешгирии экстремиз-тероризм ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини иштироки занон ва духтарон дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва маориф ба таҳсилу шуғл фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюм, таълим ва тарбияи насли наврас бо ҳисси баланди ватандорӣ, қадршиносӣ, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат нисбати занон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба он, пешгирии даст задани духтарон ва занон ба ҷиноят, ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремизм, терроризм маърӯза намуданд.

Аз руи масъалаи мазкур сархатиби масҷиди марказии «Муҳаммадия» Исмоилов Баҳодур баромад намуда пирмуни ин масъала фикру ақидаи худро баён намуд. Иштирокчиёни семинар саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Aanvullende gegevens