Вохӯрӣ доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ирфогароӣ

Дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №13-и Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ-экстремизм, тероризм, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохури мудири шуъбаи рушди иҷдтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия П. Пиров, сардори ВКД ШКД-и ноҳия Зуҳурзода Шамсиддини Боймурод, намояндаи шӯъбаи кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Амрихудоев Парвиз иштирок намуданд. Ҳамчунин кормандони Ҷамоат, падару модарон, омӯзгорон, хонандагон иштирок намуданд.

Вохӯриро мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия П. Пиров ифтитоҳ намуда. аз он изҳори нигарони намуд, ки чанде аз ҷавонони ноогоҳи ноҳия, бо ҳар гунна роҳу восита ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, ишта машғуланд, ки ин амали онҳо боиси ташвиши ҷомеа ва коста гардидани обрую эътибори кишвар дар арсаи олам мегардад.

Сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия Зуҳурзода Шамсиддин зимни вохӯрӣ баромад карда, доир ба ҷиноятсодиркунии ноболиғон, шомил гаравидани бархе аз ҷавонони ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқоти дар ин самт ва ташкили чунин вохӯриҳо бо мардуми маҳал суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ омузгори фаннни таърих Сараев С баромад намуда дар бораи дастгириҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф арзу сипос намуда, таъкид намуд, ки аз вохӯрии имрӯза хулосаи зарурӣ бароварда барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои зарурӣ меандешем ва намегузорем, ки ҷавонон ба қонуншиканӣ роҳ диҳанд.

Дар поёни вохӯрӣ аз устодони мактабҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳар як вохӯриву чорабиниҳо дар ин боб бо волидайн суҳбатҳо гузаронида, дар таълиму тарбияи ҷавонон беаҳамияти зоҳир накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоянд. Саривақт ҷавонони гумроҳро аз роҳи хато бозгардонида, ба забономӯзӣ, варзиш, ҳунарҳои миллӣ ва касбу коре онҳоро раҳнамо гардонанд. Чунинвохӯри дар ҷамоати деҳоти Тағояк дар МТМУ№7 низ гузаронида шуд.

Aanvullende gegevens