Табрики афсарону сарбозон ба муносибати соли нави- 2018 дар ноҳия Спитамен

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси виоляти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар қисмҳои ҳарбии ноҳия табрики солинавии раиси вилоят ва ноҳия гузаронида шуда истодааст.

Ба ин муносибат дар қисми ҳарбии 0228 –и Ҷамоати деҳоти Сарбанд, чорабини доир гардид, ки дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мавлонов А иштирок намуда, табрики раиси вилоятро расонида туҳфаҳои раиси вилоятро тақдим намуд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастурхони идонаи ороста шуда чорабинии фарҳанги гузаронида шуд.

Дар қисми ҳаврбии 0230 –маркази таълимии Лангари ҷамоати деҳоти Тағояк низ вохӯри доир гардид, ки дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода ва муовини раиси ноҳия Саидзода Илҳом Тулқин иштирок намудаанд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода сухани табрикотии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Соли нави 2018 –ро ба самъи ҳозирин расонид. Муовини раиси ноҳия Саидзода И. Т сухани табрикотии раиси ноҳияро ба самъи ҳамагон расонид. Ба ҳамаи сарбозон туҳфаҳои раиси вилоят пушоки гарм тақдим гардид.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастурхони идона ороста шуда, чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Чунин вохӯри дар қисми ҳарбии 0202-и деҳаи Ҳаштияки Ҷамоати деҳоти Куруш гузаронида шуда, дастурхони идона ороста, чорабинии фарҳанги пешкаши сарбозон гардонида шуд, ки онҳо шодию хурсанди намуданд.

Aanvullende gegevens