Варзишгарон бо дастовардҳо баргаштанд

14 нафар варзишгарон ва 2 нафар мураббиёни мактаби варзишии ба номи Рустам Амакиеви ноҳияи Спитамен дар мусобиқа оид ба КАРАТЕ-до дар шаҳри Волгогради Федератсияи Руссия барои гирифтани Ҷоми ҷаҳон иштирок намуда соҳиби ҷои намоёнгардиданд.

Дар инмусобиқа 14 нафар наврасону ҷавонон бо сарварии мураббиёни ин мактаби варзишӣ Турдимуродов Абдувосит ва Турабоев Зоҳидҷон дар ин мусобиқа қуваозмоӣ намуда бодастоварди баланд ноил гардида Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Варзишгарон бо 9 медали тилло, 5 медали нуқра ва 5 медали биринҷи ба Ватан баргаштанд.

Субҳи имрӯз дар истгоҳи Спитамен КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши ҷавонон ва варзиш, директори мактаби варзишии ноҳия ва падару модарон варзишгаронро пешвоз гирифтанд. Ба варзишгарон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Aanvullende gegevens