Чорабиниҳои фарҳанги бахшида ба иди соли нави 2018

 

Дар арафаи иди соли нав аз тарафи мақомолти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди хиёбони Спитамен арчаи солинавӣ орста шуд, ки ҳар рӯз аз тарафи намояндагони шӯъбаи маориф ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

Дар ин чорабиниҳои фарҳанги тарбиятгирандагону хонандагон ва сокинони ҷамоатҳо консерти идонаро пешкаши ҳамагон гардониданд, ки мардуми ноҳия истироҳати бофароғат намуданд. Дар ин хиёбон барои кудакон низ бозиҳои гуногун ташкил карда шудааст, ки мардуми ноҳия сарҷаъмона сайру гашт менамоянд. Чунин чорабиниҳои фарҳанги идома дорад.

Дар арафаи соли нав як гуруҳ собиқадорони ҷангу меҳнат аёдат карда шуда бо туҳфаҳои раиси вилоят ва ноҳия қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла собиқадори меҳнат Раъно Ҷамолова, Каромат Маҷнунова, Узоқова Зулфия, ва 19 нафар чунин ашхос аёдат карда шуда табрики раиси ноҳия ва вилоят расонида шуд. Инчунин аз тарафи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия30 нафар аз тарафи роҳбарони идораву ташкилотҳо 35 нафар аёдат карда шуданд.

Ҳамзамон дар маҳалии аҳолинишини Сароб ва Доманакуҳи Ҷамоати деҳоти Сарбанд, ки мавзеи сарҳадоти мебошад бо иштироки сокинони ин маҳаллаҳо арчаи солинавӣ ороста шуд. Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия табрики раиси ноҳияро ба муносибати соли нав ба самъи ҳозирин расонид. Раиси ҷамоати деҳоти Сарбанд ҳамагонро табрик намуд. Ба як гуруҳ сокинони ин минтақа туҳфаҳои солинавӣ дода шуд. Бахши фарҳанги ноҳия консерти идонаро пешкаши ҳамагон гардонид, ки дар гирди арча шодию хурсанди намуда шукри ин диёри обод намуданд.

Aanvullende gegevens