Вохуриҳо бо гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен вохӯрии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гуруҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар он роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов – ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Одии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов, Ойбек Насруллоев – раиси КИ ҲХДТ, Муҳаммадӣ Музрафхон - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Мамадализода Баҳодур – мудири шуъбаи маориф, Зикирзода Лоиқ Хурсандқул – раиси суди ноҳия, Ҳусейнзода Улфат Умед – прокурори ноҳия, Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод – сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия иштирок намуданд. Влхуриро муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ ифт итоҳ намуда, мақсади баргузории чунин вохуриро ба ҳамагон фаҳмонид.

Сараввал Вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов ба сухан баромада фикру андешаи худро баён сохт. Мавсуф қайд кард, ки дар асоси пешниҳоли Сарвари давлат соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин бори дигар таваҷҷуҳи Президенти кишварро нисбати эҳёи анъанаҳои миллӣ ва дастгирии ҳунарманди дар кишвар арзёбӣ мекунал. . Ҳамзамон дар бораи ҳадафҳои асосии Паём соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, тарбияи ҷавонон соҳаҳои маориф тандурусти ва дигар соҳаҳо истода гузашт.

Роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов – ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда дар бораи нуқтаҳои асосии Паём ҳарф зад. ӯ дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ, фаъолияти пурсамари кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳифзи қонуният ва дигар соҳаҳо истода гузашт. Иштирокчиён саволҳо дода Ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Aanvullende gegevens