Шукронаи ин обу хок бояд кард

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон мардумро шомилшавии баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ва сустирода ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ҷудоихоҳ ба ташвиш овардааст.

Дар давлатҳои ҷангзада, ба мисли Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия гурӯҳе аз ҷангҷӯён, ки миёнашон бархе аз ҷавонони гумроҳи кишвари мо низ ҳастанд, худ намедонанд, ки барои кӣ ва барои чӣ яроқ ба даст мегиранд. Мардум бояд аз кирдору рафтори бадхоҳонаи ин тоифаи ҷангҷӯй, бераҳму хунхор, ки дар либоси ислом худро пӯшониданд, огоҳ бошанд ва нагузоранд, ки фарзандон фирефтаи ақидаҳои носолими гурӯҳҳои тундрав гарданд.

Мо аз он ифтихор дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем ва сулҳу субот таъмин мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳ-мату талош кишвари моро дубора ба як кишвари пешрафта, тинҷу амон табдил доданд. Сулҳу ваҳдати моро мардуми ҷаҳон имрӯзҳо меомӯзанд. Давлатҳои дунё ва соҳибкорони ҷаҳон бо давлати мо равобити дуҷониба доранд ва дар кишвари мо корхонаҳо бунёд намуда, чандин иншоотҳои бузургро сарпарастӣ намуда истодаанд, ки гувоҳи диёри тинҷу амон будани давлати Тоҷикистонро медиҳад.

Аз ин хотир, баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, тинҷу осудагии кишвар, ҳимояи марзу буми он, ҳар як сокини кишвар дар кадом соҳае кору фаъолият дошта бошад, бояд содиқона ба давлат хизмат кунад . Биёед, мову шумо шукронаи ин обу хок ва ин сулҳу ваҳдатро намуда, нагузорем, ки ҷавонон ва насли ояндасози кишвар ба роҳи хато ва ҷиноят қадам монанд ва бозичаи дасти душманон ва хоинони миллат ва ҷиноятпешагон гарданд.

Баҳри пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо, ҷинояткорӣ ва амалҳои бад, мо ҳамагон, аҳли ҷомеа, фаъолон, омӯзгорон, пирони деҳаҳо дар вохӯриҳо ва мулоқотҳо бояд зиёдтар ин нуктаҳоро таъкид карда гузарем.

Ф. ҶАМОЛ

Aanvullende gegevens