Хирадпеша бошем, на хатоандеша!

Хирад инсонро ҳамеша сӯйи некию ростӣ, инсондӯс-тию ватандӯстӣ ҳидоят менамояд. Инсонҳои хирадпеша дар зиндагӣ ба хатокорӣ ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд. Аммо акси хирадмандон — хатопешагон ҳам дар ҷамъият ҳастанд, ки андешаи онҳо ҳамеша носолим ва барои     ҳамсафон хатарнок мебошад.

Вақте ки ба ҳаёти имрӯза менигарам, ҳамин ду тазодро мушоҳида мекунам. Онҳое, ки дорои ақлу хиради комил ҳастанду андешаи пок доранд, мекӯшанд, ки бо кору пайкори созандаи худ ба дигарон нафъ расонанд, баҳри ободию некуаҳволии ҷомеа ҳарчи аз дасташон меояд, сарф кунанд. Дар ин баробар, низ вомехӯранд ҳамон хатоандешагоне, ки ба ҳамаи неъматҳои барояшон муҳайёшуда носипосӣ мекунанду ба нондони намакхӯрдаашон кӯрнамакӣ. Инро дар мисоли роҳбарияти ҲНИТ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ мамнуъ ва ба ҳайси ташкилоти террористӣ эълон гардидааст, бараъло дида метавонем.

Алҳол гумоштагони ин ҳизби террористӣ ба олам симои худро маълум карда, хиёнатпешагиашон нисбати халқу Ватани озодамон чун оина равшан гаштааст. Онҳо аз ин ё он расонаи интернетӣ ҳарчанд дар бораи Тоҷикистон ва ободии он суханҳои носазо гуфтанро раво бинанд ҳам, валек дигар мардуми хирадпешаи тоҷик ба он бовар надоранд ва бовар ҳам нахоҳанд кард.

Дигар вақти офтобро бо доман пӯшидану варсоқӣ гуфтан гузаштааст. Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Мо дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи хатоандешон намешавем ва танҳо ба роҳи хирад гом мебардорем. Нияти мо, қавли мо, кӯшиши мо, ҳастии мо танҳо барои ободию фаровонӣ ва сулҳу осудагии кишвари азизамон, зери сиёсати ваҳдатсарои Пешвои муаззам равона карда мешавад.

Олими ОРИФ,
собиқадори меҳнат

Aanvullende gegevens