Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем

Тероризм чун рӯйдоди хавфноку мушкил пешгӯикунандаи замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин ҳисороти моддию маънавиро дар пай дошта, хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд. Он падидаи номатлубест, ки баъзан ба он либоси сиёсӣ пӯшонида, дар натиҷа гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа мегузоранд ва онҳо барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан, аз террор истифода карданӣ мешаванд.

Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол муташаккилонаю бераҳмона гардида, дар амалисозии ин падидаи нангин ҳатто аз техникаву технологияи муосир истифода мебаранд.

Дараҷаи хатаре, ки терроризм ба ҷомеаи муосир дорад, далелҳои раднопазир бозгӯи он аст, ки кишварҳои абарқудрат бар зидди терроризм қонунҳо қабул менамоянд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушкилот намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир истисно нест ва ҳар сокини кишвари мо терроризмро бо ҳар шакле, ки зуҳур нанамояд, ҳамаҷониба маҳкум менамоянд.

Терроризм ва пайдоиши он таърихи тӯлонӣ дорад. Калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно: «тарс», «ваҳм» ва «воситаи тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат» маънидод шудааст. Воҷаи «террор» дар асри 18 дар Фаронса эътироф шуда, дар Руссия бошад, асри 20 амалҳои даҳшатафканӣ бо номи «терроризм» сари забонӣ гашт. Терроризм бо он аҳдофи нангину шуми худ аз ҷониби ашхосе созмондиҳӣ дода мешаванд, ки онҳо мехоҳанд субботи ҷомеаро вайрону халалдор намуда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳокимият соҳиб шаванд. Барои онҳо ҳеҷ чиз муқаддас нест, ҳатто ҳаёти одамони бегуноҳ ва солимро ба доми худ мекашанд.

Террористону ифротгароён мехоҳанд ҷавононро барои иҷрои амалҳои нопокашон истифода кунанд, онҳо бо таблиғҳои дурӯғинашон ҷавононеро, ки дониши сиёсӣ надоранд, ба худ ҷалб месозанд. Мо

набояд фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳҳои шайтонӣ шавем ва то ҷон дорем мубориза барем. Бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон барем, зеро онҳо душманони аҳли башаранд. Мо кулли омӯзгорон бояд хонандагонро дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки онҳо даст ба ин гуна амалҳои номатлуб зананд.

Як гуруҳ омӯзгорон

Aanvullende gegevens